Ожонс ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эронро ростиозмоӣ кард
-
Мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эронро тайид кард
Мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар гузорише ба Шӯрои ҳукком бо ишораи ростиозмоӣ тавлиди уран бо ғанисозии 60 дарсадии U-235 дар Эрон, ин рӯйдодро тайид кард.
Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар гузорише, ки фарозҳое аз он дар расонаҳои хориҷӣ мунташир шудааст, эълом кард: Бар асоси эъломи Эрон, сатҳи хулуси гексафториди уран 55.3 дарсад буда ва ожонс аз гексафториди урани тавлидшуда намунабардорӣ кардааст, то ба таври мустақил сатҳи хулуси эъломшуда аз сӯи Эронро ростиозмоӣ кунад.
Тасмими ахири Эрон барои афзоиши сатҳи ғанисозии уран ба 60 дарсад дар таъсисоти ҳастаии Натанз дар вокуниш ба иқдоми ахири харобкорона ва терроризми ҳастаии режими саҳюнистӣ дар ин таъсисоти ҳастаӣ сурат гирифт.
Ин ҳодисаи террористӣ ва харобкорона ҳудуди як ҳафтаи пеш дар бахше аз шабакаи тавзеи барқи таъсисоти ғанисозии Натанз рӯй дод.
Бештар бихонед:
-
Нигаронии се кишвари аврупоӣ аз ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон
-
Вокуниши Байден ба оғози ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон
-
Шиносоии омили харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон