Раиси Анҷумани синамои ҷавонони Эрон тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро масири фарҳангу ҳунар ном бурд
(last modified 2016-10-23T14:49:23+00:00 )
Октябр 23, 2016 19:49 Asia/Dushanbe
  • Раиси Анҷумани синамои ҷавонони Эрон тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро масири фарҳангу ҳунар ном бурд

Фариди Фархундакеш, раиси Анҷумани синамои ҷавонони Эрон дар мусоҳиба бо хабарнигорони радиову телевизион ва расонаҳои Тоҷикистон, зимни таъкид бар тақвияти равобити фарҳангӣ, мероси ғании фикрии муштаракро ваҷҳи мушобеҳи ҳарду миллат донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз равобити умумии Анҷумани синамои ҷавонони Эрон, Фариди Фархундакеш бо ишора бар тамоюли рӯзафзуни фарҳангдӯстон бар тақвияти равобит миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон, ба хабарнигорони радио ва телевизиони ин кишвар гуфт: "Пӯётарин равиши тақвияти масири ҳамкорӣ миёни ду миллати фарҳехтаи Эрон ва Тоҷикистон, убур аз масири фарҳанг ва ҳунар аст".

 Вай зимни ёдоварии собиқаи бисёр пурбори фарҳангӣ ва муштаракоти адабӣ миён ду кишвар аз гузашта то кунун, забони форсиро пуле миёни ду кишвар донист ва бар ҳамкории ҳунарӣ, хусусан дар бахши синамо ва филми кӯтоҳ, ҷиҳати тақвияти ин робита таъкид кард.

Оқои Фархундакеш, дабири сивусаввумин ҷашнвораи байналмилалии Филми кӯтоҳи Теҳрон, ҷашнвораи филми "Дидор"-ро иқдоме таъсиргузор дар ҷиҳати гирдиҳамоии синамодӯстон донист ва аз имзои тафоҳумномаи муштарак миёни Анҷумани синамои ҷавонон ва фестивали "Дидор", ба унвони санаде бар барномаҳои мусбати оянда ёд кард.

 

Барчасп