Раҳбари Муаззами Инқилоб: Саҳюнистҳо ҷуз забони зургӯӣ чизи дигарро намефаҳманд
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи сешанбе дар як мулоқоти видеоӣ бо намояндагони созмонҳои донишҷӯёни Эрон дар посух ба ҷиноятҳои чандрӯзаи ахири Исроил гуфтанд: Саҳюнистҳо ҷуз забони зургӯӣ чизеро намефаҳманд.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари Раҳбари Инқилоби Исломӣ, ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо ибрози таассуфи амиқ аз ду ҳодисаи бисёр талху хунини ахир дар Афғонистон ва Фаластин гуфтанд: «Лаънати худованд бар ҷинояткороне, ки ғунчаҳои мазлум ва навгулони бегуноҳи афғонистониро пар- пар карданд ва ба хоку хун кашиданд ва бо ба шаҳодат расондани ин духтарони навҷавон, ҷиноятро то ин ҳад густариш доданд.»
Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёна ва золимонаи саҳюнистҳо дар Масҷид-ул-Ақсо, Қудси шариф ва дигари манотиқи Фаластин гуфтанд: «Ин ҷиноёт дар баробари чашми ҷаҳониён қарор дорад ва ҳама бояд бо маҳкум кардани он, ба вазоифи худ амал кунанд.»
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ дар идома бо таҷлил аз бедорӣ, истодагӣ ва азму ҷазми миллати Фаластин афзуданд: «Саҳюнистҳо ҷуз забони зӯр чизе намефаҳманд, чунки фаластиниҳо бояд бо афзоиши қудрат ва муқовимати худ, ҷинояткоронро ба таслим шудан ва таваққуфи иқдомоти ваҳшигарона маҷбур кунанд.»
Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ дар ин дидор инчунин созмонҳои мухталифи донишҷӯёнро як фурсати бузурге барои кишвар арзёбӣ карданд ва нақши онҳоро ҳамчун марказҳои тавлиди андеша ва пешбарандаи ҳаракатҳои инқилобӣ ва ҷиҳодӣ дар масоили мухталифи иҷтимоӣ ва илмӣ таъкид карданд.
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ " тақвияти бунияи динӣ ва инқилобӣ " ва масаълаи муҳими " таҳзиби нафс"-ро аз созмонҳои донишҷӯӣ хостор шуданд ва афзуданд: «Таҳзиби нафс таъсири зиёде дар муборизоти иҷтимоӣ ва инқилобӣ дорад ва имоми бузургвор мефармуданд иллати тарси афрод аз Амрико, таҳзиб накардан нафс аст.»
Раҳбари Муъаззами Инқилоб ҳамчунин бо ишора ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар 28 хурдод ( 18 июн ) бар аҳамияти мушорикати густарда дар ин интихобот таъкид карданд ва афзуданд: «Дар дараҷаи дувум бояд бо интихоби хубу матлуб касеро рӯи кор овард, ки мӯъмин, инқилобӣ, бокифоят, мардумӣ, саршор аз умед, мӯътақид ба ҷавонону тавонмандиҳои дохилӣ ва ҳақиқатан адолатхоҳ ва зидди фасод бошад.»
Бештар бихонед: