Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ : Касоне ки нарафтан ба пои сандуқро тарвиҷ мекунанд, дилсӯзи мардум нестанд
(last modified 2021-05-27T11:00:52+00:00 )
Май 27, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саҳни Маҷлиси шӯрои исломӣ, бо намояндагони мардум сухан гуфтанд.
    Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саҳни Маҷлиси шӯрои исломӣ, бо намояндагони мардум сухан гуфтанд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломии хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд : Касоне ки нарафтан ба пои сандуқро тарвиҷ мекунанд, дилсӯзи мардум нестанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар аввалин солгарди оғоз ба кори маҷлиси ёздаҳум аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саҳни Маҷлиси шӯрои исломӣ, бо намояндагони мардум сухан гуфтанд.

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд : Ба ҳарфи ин касоне, ки тарвиҷ мекунанд ки фоидаӣ надорад, неравем, намеравем пои сандуқи раъй эътино накунед, инҳо дилсӯзи мардум нестанд .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Ба мардуми азизамон арз мекунам: Миллати азизи Эрон интихобот дар як рӯз анҷом мегирад, аммо асари он дар чанд сол боқӣ мемонад.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд : Дар интихобот ширкат кунед ва интихоботро мутаъаллиқ ба худатон бидонед, ки мутаъаллиқ ба шумост ва аз Худо кумаку ҳидоят бихоҳед, ки Шуморо ҳидоят кунад ба ончӣ ки дуруст ва ҳақ аст ва ба касе, ки шоистааст ва биравед пои сандуқ ва раъй бидиҳед .

Дар ибтидои ин ҷаласа Муҳамадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон гузорише аз амалкарди яксолаи маҷлиси ёздаҳум ироа кард .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп