Май 30, 2021 10:23 Asia/Dushanbe
  • Муассисаи Розӣ вориди марҳалаи дувуми корозмоии болинии ваксинаи \\\
    Муассисаи Розӣ вориди марҳалаи дувуми корозмоии болинии ваксинаи \\\" Ковид - 19 \\\" шуда аст

Рӯзномаи амрикоии Нию-Йорк таймс гузориш дод : Муассисаи эронии таҳқиқоти ваксина ва сӯзандорусозии Розӣ дар канори 37 ширкати бартари ҷаҳон вориди марҳалаи дувуми корозмоии болинии ваксинаи бемории " Ковид - 19 " шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорӣ Эронпресс, рӯзномаи амрикоии Нию-Йорк таймс дар гузорише аз раванди корозмоии болинии ваксинаҳои корона дар ҷаҳон, аз муассисаи таҳқиқоти ваксин ва сузандорусозии Розӣ дар канори 37 ширкати бартари ҷаҳон ном бурд, ки вориди марҳалаи дувуми корозмоии болинии ваксинаи " Ковид - 19 " бо номи " Розӣ Кув Порс " шудааст .

Ваксинаи Розӣ Кув Порс нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии протеини навтаркиби корона аст, ки муассисаи таҳқиқоти ваксина ва сузандорусозии Розӣ мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид кардааст .

 

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп