Тазаккури ҷиддии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси мунозираҳои интихоботӣ
(last modified Sun, 06 Jun 2021 10:36:23 GMT )
Июн 06, 2021 15:36 Asia/Dushanbe
  • Тазаккури ҷиддии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси мунозираҳои интихоботӣ

Сафҳаи Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар фазои маҷозӣ матлаберо мунташир кард, ки дар он дар хусуси парҳез аз тавҳину тахриб дар мунозираҳои интихоботӣ тазаккури ҷиддӣ дода шудааст.

Дар вокуниш ба мунозираи аввали номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, Инстаграми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо нақли сухане аз эшон дар посте навишт: Ҳар вақте номзадҳо дар манозироти телевизионӣ равиши иҳонату тавҳину туҳмату тахриби тарафи муқобил ва тарсондани мардум аз рақибро дунбол карданд, кишвар ба наҳве зарар кард.

Аввалин мунозираи интихоботӣ байни 7 номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, дирӯз - шанбе баргузор шуд.

7 номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар ду мунозираи телевизионии дигар низ ширкат хоҳанд кард.

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 28 хурдоди 1400 баргузор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: