Таваққуфи тероризми иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон; озмоиши аслӣ барои Вашингтон
Амрико бо идомаи таҳримҳои якҷониба, ғайриқонунӣ ва золимона ҳамчунон ба сиёсати шикастхурдаи фишори ҳаддиаксарии Доналд Трамп, сиёсате ки тероризми иқтисодӣ алайҳи тамоми миллати Эрон аст, идома медиҳад .
Маҷиди Тахтиравончӣ-намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар нишасти Маҷмаъи умумии ин созмон, ки барои баррасии гузориши солонаи Шӯрои Амният баргузор шуд, бо интиқод аз давлати Байден дар идомаи " сиёсати шикастхурдаи фишори ҳаддиаксарӣ ", таваққуфи тероризми иқтисодӣ алайҳи мардуми Эронро озмоиши аслӣ барои Вашингтон донист .
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид афзуд: Агарчи музокироти ҳастаии ҷорӣ дар Вена нахустин гом барои арзёбии дурустии иродаи сиёсии воқеии Амрико дар бозгашт ба Барҷом аст, аммо озмоиши аслӣ ва воқеӣ замоне хоҳад буд, ки баъд аз ростиозмоӣ собит шавад,ки Амрико масири худро тағйир дода сиёсати шикастхурдаи фишори ҳаддиаксариашро канор гузошта ва тероризми иқтисодии худ алайҳи Эронро мутаваққиф кардааст .
Ишораи намояндаи доими Эрон дар ин созмон ба сиёсатҳои харобиовари Амрико ва зарурати ростиозмоиву тағйир дар рафтори Амрико аз ду ҷанба дорои тавваҷуҳ ва аҳамият аст :
Ҷанбаи нахуст; таъсироти мухарриби ин сиёсатҳо бар пешрафти иқтисод ва тавсеъаву саломати миллати Эрон аст .
Ҷанбаи дувуми масаъла; паёмади сиёсатҳои Амрико бар созу корҳои равобит ва ҳуқуқи байналмиллалӣ ва осебҳои ҷаддие аст, ки бар ҷомеъаи байналмиллалӣ ворид шудааст .
Нигоҳе ба рафторҳои ханҷоршиканона(таъомулшиканона)и Амрико бавижа дар давраи раёсати ҷумҳӯрии Трамп нишон медиҳад давлати Трамп истисноитарин давлате аст, ки дар торихи Амрико ва албатта дар торихи муосири ҷаҳон дар болотарин ҳад аз бемасъулиятӣ ва беэътиноӣ ба ҳанҷорҳову арзишҳои ҷомеъаи Амрико ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ зуҳур кард .
Террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар 3 январи 2020 дар ҳоле, ки вай ба даъвати расмии давлати Ироқ вориди Бағдод шуда буд, намунае аз таҳдидҳои зотии Амрико алайҳи амнияту сабот дар минтақа ва ҷаҳон аст . Раиси ҷумҳӯрии вақти Амрико тероризму ҳанҷоршикании байналмиллалиро ба шеваи ошкоре густариш дод . Амрико бо васвасаи режими саҳюнистӣ ба унвони конуни тероризм дар минтақа агар метавонист
барои расидани ба аҳдофи шуми худ аз ҳамаи абзорҳо истифода мекард, ҳарчанд ки ҷуръати ин корро надошт, зеро қатъан хароҷоти бисёр зиёде ба гарданаш бор мешуд .
Дар мавзӯи поймолсозии уҳдадориҳои чандҷониба низ Амрико бо хурӯҷ аз Барҷом саъй кард бо стратегияи танг кардани муҳити минтақаӣ бар зидди Эрон ва фишори ҳаддиаксарии иқтисодӣ то марзи фуру пошондани ҷомеъаи Эрон пеш равад .
Алена Доуҳан-гузоришгари вижаи Созмони Миллал ва Обиорау Окафору-коршиноси мустақили ҳуқуқи башар ва ҳамбастагии байналмиллалӣ дар гузорише дар бораи иқдомоти Амрико навиштанд: Иёлоти Муттаҳида бо иқдомоти ҳанҷоршиканона Паймони байналмиллалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро поймол кардааст .
Шӯрои Амнияти Созмони Миллал аммо дар муқобили ин беқонуниҳо ва иқдомоти ҳанҷоршиканона сукут ихтиёр кард .
Акнун низ он гуна ,ки Сайидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Тветтер навишт : Трамп рафтааст, аммо таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятбори ӯ ҳамчунон барқароранд . Тероризми иқтисодӣ он ҳам дар авҷи бемории корона ҷиноят алайҳи башарият аст .
Ироқчӣ афзуд: Ниёзе ба “ашки тимсоҳ” нест, вақте ки талошҳои Амрико барои эҷоди ранҷу мусибат барои 82 миллион эронӣ идома дорад .
Тағйири воқеӣ дар сиёсатҳои ҳанҷоршиканонаи Амрико бо ҳарф ва иддао нест . Давлати Байден на танҳо сиёсати шикастхурдаи фишори ҳаддиаксарии Трампро канор нагузошта, балки ҳатто уҳдадориҳои худ ба иҷрои вазифаҳои куллиаш дар Барҷом ва қатъномаи 2231-ро эълом накардааст .
Бештар бихонед :
- Тахтиравончӣ : Амрико ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои куҳнашударо нахоҳад дид
-
Эрон таваққуфи терроризми иқтисодиро озмоиши аслӣ барои Амрико донист
-
Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, мисдоқи боризи терроризми иқтисодӣ