Ғуборрӯбии мақбараи мутаҳҳари Имом Ризо (а)
(last modified Sun, 13 Jun 2021 12:29:41 GMT )
Июн 13, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ғуборрӯбии мақбараи мутаҳҳари Имом Ризо (а)

Ҳамзамон бо даҳаи Каромат, мақбараи мутаҳҳари Имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ва аз наберагони ҳазрати Муҳаммад (с) ғуборрӯбӣ шуд.

Ҳамзамон бо айёми даҳаи Каромати Разавӣ ва дар остонаи мелоди Имом Ризо (а), мақбараи мутаҳҳари Имом Ризои алайҳиссалом ғуборрӯбӣ ва назофат карда шуд.

Ин маросими маънавӣ имрӯз, якшанбе бо ҳузури ҷамъе аз масъулони остони Қудси Разавӣ, рӯҳониён ва ходимони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд.

Мавлудхонӣ ва маддоҳии аҳли байт (а) аз барномаҳои ин маросими маънавӣ буд.

Аз рӯзи шанбеи ин ҳафта, ки солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с) аст то рӯзи сешанбеи 15 июн, ҳамзамон бо солрӯзи мелоди ҳазрати Имом Ризо (а) даҳаи Каромат номгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: