Рӯҳонӣ: таҳрим ва ҷанги иқтисодӣ ба унвони ҷинояте хомӯш алайҳи башарият шинохта шавад
(last modified 2021-06-15T10:39:40+00:00 )
Июн 15, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: таҳрим ва ҷанги иқтисодӣ ба унвони ҷинояте хомӯш алайҳи башарият шинохта шавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, таҳриму ҷанги иқтисодӣ ба унвони ҷинояте хомӯш алайҳи башарият шинохта ва сабт шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи Ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат гуфт, лозим аст барои огоҳии ҳамагон санади ҷинояти таҳмили ҷанги иқтисодӣ ва эъмолкунандагони таҳримҳои фарогир ва бесобиқа мунташир шавад то ҳамаи дунё аз ҷинояти зидди башарии давлати Трамп алайҳи миллати Эрон огоҳ шаванд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба аворизи ҷанги иқтисодӣ ва таъсири он бар тавсеъаи иқтисодии кишвар ва зиндагӣ ва маишати ҳамаи мардум афзуд, ҷиноят алайҳи башарият ба таври маъмӯл дар азҳони умумӣ, муодили ҷанг ва даргирии низомӣ дида мешавад дар сӯрате, ки таҳрим ва ҷанги иқтисодӣ низ бояд ба унвони ҷинояте хомӯш алайҳи башарият шинохта ва сабт шавад.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт, Эрон ба унвони қурбонии ин иқдоми ғайриинсонӣ санади ҷинояти таҳримкунандагонро ба ҷаҳонён ироа хоҳад кард.

Рӯҳонӣ гуфт, дар канори санади ҷинояти Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико, ки дар роҳи тавсеъа ва пешрафти як кишвар ва миллат монеа эҷод кард ва ба маишати мардум ва ҳатто саломат ва беҳдошт ва дармони онон осебу зиён ворид сохт бояд санади муқовимат ва мудирияти муқобила бо ҷанги иқтисодӣ ҳам ба дунё ироа шавад.

Вай ҳамчунин бо қаҳрамонона хондани санади муқовимат ва мудирияти ҷанги иқтисодӣ гуфт, инки баъд аз севу ним сол ҷанги иқтисодӣ, таҳримгузорон имрӯз ба шикасти худ изъон мекунанд, худ гувоҳи бузурге бар пирӯзии миллати Эрон ва мудирияти муассир дар муқобила бо ҷанги иқтисодӣ аст, ки ҳама муваззаф ба ироаи ин санад ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп