Июн 16, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон то зуҳри шанбе

Сухангӯи Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон гуфт, натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон то зуҳри шанбе (19 июн) эълом мешавад.

Саидисмоили Мӯсавӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон афзуд, даргузашта аз вазорати кишвар мустақиман бо худ шуъбаҳо дар иртибот будем ва сӯратҷаласаи ҳар шуъба билофосила дар Ситоди кишвар қобили рӯъят буд.

Вай гуфт, дар ин давра қарор аст, ҳамзамон аз шуъба натоиҷ ва сӯратҷаласа ба вазорати кишвар ва Шӯрои нигаҳбон ирсол шавад ва ин боиси тасреъ ва таҷмиъ дар ҷамъбандӣ ва эъломи натоиҷ хоҳад шуд, бинобар ин пешбинии мо ин аст, ки то пеш аз зуҳри шанбе натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳуриро эълом кунем.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 18 июни 2021 баргузор мешавад.

Бештар бихонед:

Барчасп