Октябр 30, 2016 16:02 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Мавозеи Теҳрон дар бораи Сурия ба Могерени мунтақил шуд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мавозеи Теҳрон дар қиболи буҳрони Сурия, зарурати мубориза бо терроризм ва расидан ба роҳи ҳалли сиёсӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбе дар ҳошияи баргузории нахустин ҳамоиши муштараки вобастагони низомӣ, намояндагони дифоӣ ва интизомии Эрон, бо ишора ба сафари Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Теҳрон, афзуд, сафари Могерини ба Эрон бо ҳадафи табодули назар дар бораи таҳаввулоти Сурия ва поён додан ба даргириҳо анҷом шуд.

Зариф тасреҳ кард, мавозеъ ва назароти Эрон дар бораи зарурати мубориза бо терроризм ва наҳваи расидан ба роҳи ҳалли сиёсие, ки таваҷҷӯҳ ба хост ва эътимод ба мардуми Сурия аст, ба Могерини мунтақил шуд.

Зариф бо ишора ба сиёсатҳои иштибоҳи гузашта Аврупо, гуфт, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бояд бидуни пешшарт бо терроризм муқобила кунанд.

Федерика Могерини, рӯзи шанбе дар сафари як рӯза ба Теҳрон, бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи равобити дуҷониба, раванди иҷроии БАРҶОМ ва буҳрони Сурия гуфтугу кард.

 

Барчасп