Июн 26, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Таҳаррукоти мазбуҳонаи душманон таҳти расади иттилоотӣ қарор дорад

Вазири иттилооти Эрон дар паёме таъкид кард, ҳар гуна таҳаррукоти мазбӯҳона(нафратовар)-и империалисти ҷинояткор, саҳюнисти ғосиб ва душманони қасамхӯрдаи миллати Эрон таҳти расад ва ишроф(бартари)-и иттилоотӣ қарор дорад.

Дар паёми Саидмаҳмуди Алавӣ омадааст, фаро расидани ҳафтуми тир, ёду хотираи шаҳодати мазлӯмонаи Оятуллоҳ Саидмуҳаммади Биҳиштӣ ва 72 тан аз ёрони бегуноҳи инқилоби исломӣ дар соли 1360 ба дасти нопоки гурӯҳаки мунофиқинро ёдоварӣ мекунад.

Алавӣ афзуд, дар он ҷинояти даҳшатнок, муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар сукӯтро пешаи сиёсати мазбӯҳонаи худ қарор доданд ва номи нангини хешро дар канори қотилони сарсупурдаи нифоқафкан барои ҳамеша дар таърих сабт ва забт карданд ва мунофиқин ба поси ин чашмпӯшӣ, ки то қиёми қиёмат дар хотири миллати Эрон ва мардуми озодихоҳи ҷаҳон мондагор хоҳад буд, беш аз 17 ҳазор тан аз эрониёнро фаҷиона ба хоку хун кашида ва ба шаҳодат расонданд.

Вазири иттилооти Эрон таъкид кард, мо мусаммам ва устувор иҷоза намедиҳем дар ғавғои шабехуни фарҳангӣ, ин ҷиноёти ваҳшиёна ба бутаи фаромӯшӣ супурда шавад ва бо пайрави аз имом Хумайнӣ (раҳ) то ширк ва куфр ҳаст, мубориза ҳаст ва то мубориза ҳаст, мо ҳастем.

Бештар бихонед:

Барчасп