Сифати олии ваксинаи коронаии эронии " Нуро "
Мудири тарҳи ваксинаи Нуро таъкид кард: Меъёрҳои сахтгирона барои тавлиди ваксина доштем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, Ҳасани Абулқосимӣ-раиси донишгоҳи Бақиятуллоҳи Теҳрон ва мудири тарҳи ваксинаи Нуро рӯзи якшанбе дар ойини рӯнамоӣ аз ваксинаи навтаркиби донишгоҳи Бақиятуллоҳ ( аҷ ) ва оғози раванди корозмоии болинии ваксина " Нуро " дар бемористони Бақиятуллоҳи Теҳрон гуфт : Ваксина намоди яке аз чандин доруҳои бологии тавлидшуда дар Эрон аст .
Абулқосимӣ афзуд : Бар хилофи Амрико Эрони дастовардҳои худро махфӣ намекунад ва иттилооти илмии худро мунташир мекунад ва ин амр муваффақияти донишмандони эрониро исбот мекунад .
Раиси донишгоҳи Бақиятуллоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт : Дар таи мароҳили тавлиди ваксинаи Нуро бо инки стандартҳо мушкилтар мешуд, муҷаввизҳои лозим аз вазорати беҳдошти Эрон дарёфт шуд .
Мудири тарҳи ваксинаи Нуро таъкид кард: Нуро ваксинаи навтаркиб ва протеинӣ аст, ки зарари кам ва таъсири зиёде дорад .
Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Саиди Намакӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ба ҳамроҳи дигар мудирони вазорати беҳдошт дар ойини рӯнамоӣ аз " ваксинаи Нуро " ҳузур доштанд .
Бештар бихонед :
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
-
Эъломи феҳристи харидорони ваксинаи русии корона; номи Тоҷикистон нест
-
Бозтоби тазриқи ваксинаи эронӣ ба Раҳбари Инқилоб дар шабакаҳои хабарии дунё