Мӯҳсинӣ Эжеӣ раиси Қувваи қазоия шуд
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳукме Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Мӯҳсинии Эжеиро ба раёсати Қувваи қазоия мансуб карданд.
Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳазрат Оятуллоҳи Хоминаӣ дар ҳукме Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Мӯҳсинии Эжеиро ба раёсати Қувваи қазоия мансуб карданд.
Ҳазрат Оятуллоҳи Хоминаӣ дар ин ҳукм бо таъкид бар иҳтимоми ҷиддӣ ба маъмуриятҳои дастгоҳи қазо дар қонуни асосӣ ва ҳамчунин идомаи рӯйкарди таҳаввулӣ ва иҷрои санади таҳаввули мавҷуд, « густариши фанновариҳои навин дар дастгоҳи қазоӣ», «таъини нерӯҳои коромаду ҷиҳодӣ дар масъулиятҳо», « арҷ ниҳодан ба хадамоти қазоати покдоман ва дар айни ҳол бархӯрди қотеъ бо тахаллуфот » ва « иртибот бо матни мардум »-ро аз ҷумлаи интизороти худ аз раиси ҷадиди қувваи қазоия баён карданд.
Матни ҳукми раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисми-р-раҳмони-р-раҳим
Ҷаноби ҳуҷҷатул ислом вал муслимин оқои ҳоҷи Шайх Ғуломҳусейни Муҳсинии Эжеӣ идомаи таъйидот
Акнун ки ҷаноби оқои Раисӣ бо раъйи миллати Эрон тавфиқи хизмат дар ҷойгоҳи раёсати Ҷумҳурии Исломӣ Эрон ёфтаанд, бо ташаккури фаровон аз хадамоти арзандаи эшон дар муддати масъулияти қазоӣ ва корномаи ифтихор ифтихоромезе, ки дар поягузории иқдомоти мондагор аз худ ба ҷой гузоштаанд, ҷаноби олиро, ки илова бар салоҳиятҳои қонунӣ, бархӯрдор аз таҷрибае гаронбаҳо ва шинохти амиқу собиқае дурахшон дар амри қазо мебошед, бар асоси асли яксаду панҷоҳуҳафт, ба раёсати Қувваи қазоия мансуб мекунам.
Интизори инҷониб, аввалан: Иҳтимоми ҷиддӣ ба маъмуриятҳои асосии дастгоҳи қазо дар қонуни асосӣ аст, яъне густариши адолат, эҳёи ҳуқуқи омма ва тааъмини озодиҳои машрӯъ ва назорат бар ҳусни иҷрои қавонин ва пешгирӣ аз вуқӯъи ҷурм ва низ муборизаи қотеъ бо фасод.
Ва сониян: идомае рӯйкарди таҳаввулӣ ва иҷрои санади таҳаввули мавҷуд бо иҳтимоми вижа.
Ва солисан: густариши фанновариҳои навин ва тазмини дастёбии осону ройгони мардум ба хадамоти қазоӣ.
Ва робиан: Гуморидани нерӯҳои коромаду ҷиҳодӣ ва фозилу солеҳ дар масъулиятҳо ва тарбияти мудирони шоиста барои сутӯҳи олӣ ва миёнии қазоӣ ва идорӣ.
Ва хомисан: арҷ ниҳодан ба хадамоти қазоати покдоман ва ҳифзи иззат ва манзалати эшон ва мутақобилан бархӯрди қотеъ бо маъдуди афроди мутахаллиф.
Ва содисан: иртибот бо матни мардум ва ҳузур дар миёни онон, ки дорои баракоти бисёр аст.Тавфиқоти ҷаноби олӣ ва ҳамкоронатонро аз худованди мутаъол масалат мекунам ва умедворам хадамоти шумо мӯҷиби ризои худо ва халқ гардад.
Биҳавла ва қуввата . Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
10 тирмоҳи 1400 (1 июли соли 2021)