Бонуи масеҳӣ дар ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд
Бонуи ҷавони масеҳӣ ҳамзамон бо рӯзи зиёрати ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом дар ҳарами муттаҳари разавӣ ба дини мубини ислом мушарраф шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин бонуи масеҳӣ, ки ба Машҳад сафар кардааст бо ташриф ба Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а ) дар ҷаласае бо ҳузури коршиносони адёни устони Қудси Разавӣ ширкат кард.
Дар ин ҷаласа коршиносони устони Қудс ба суолоти динии ин бонуи Беларус посух доданд.
Ин бонуи Беларус гуфт: Пас аз таҳқиқоту мутолиъот, исломро комилтарин ва беҳтарин дин ташхис додаму мазҳаби ташайюъро барои худ баргузидам.
Дар ин маросим аз сӯи мудирияти умури зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ гувоҳии ташриф ба ислом ба ҳамроҳи ҳадоёи мутабаррик ба ин бонуи тозамусулмон эҳдо шуд.