Бонуи масеҳӣ дар ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i70036-Бонуи_масеҳӣ_дар_ҳарами_муттаҳари_Имом_Ризо_(а)_мусулмон_шуд
Бонуи ҷавони масеҳӣ ҳамзамон бо рӯзи зиёрати ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом дар ҳарами муттаҳари разавӣ ба дини мубини ислом мушарраф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 06, 2021 09:06 Asia/Dushanbe
  • Бонуи масеҳӣ дар ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд
    Бонуи масеҳӣ дар ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд

Бонуи ҷавони масеҳӣ ҳамзамон бо рӯзи зиёрати ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом дар ҳарами муттаҳари разавӣ ба дини мубини ислом мушарраф шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин бонуи  масеҳӣ, ки ба Машҳад сафар кардааст бо ташриф ба Ҳарами мутаҳҳари имом  Ризо (а ) дар ҷаласае бо ҳузури коршиносони адёни устони Қудси Разавӣ ширкат кард.

Дар ин ҷаласа  коршиносони устони Қудс ба суолоти динии ин бонуи  Беларус  посух доданд.

Ин бонуи Беларус гуфт: Пас аз таҳқиқоту мутолиъот, исломро комилтарин ва беҳтарин  дин ташхис додаму мазҳаби ташайюъро барои худ баргузидам.

Дар ин маросим аз сӯи мудирияти умури зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ гувоҳии ташриф ба ислом ба ҳамроҳи ҳадоёи  мутабаррик ба ин бонуи  тозамусулмон эҳдо шуд.