Июл 15, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ : Ҷаҳиши тавлид дар шароити ҷанги иқтисодӣ ва корона идома ёфт

Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид кард: Ҷаҳиши тавлид дар шароити ҷанги иқтисодӣ ва корона идома ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ойини баҳрабардорӣ аз тарҳҳои миллӣ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, гуфт : Дар шароити бисёри сахти таҳрим, ҷанги иқтисодӣ ва корона масири ҷаҳишу ҳимоят аз тавлид ва монеъазудоӣ идома ёфт .
Рӯҳонӣ афзуд : Дар заминаи ҳамлу нақл ҳам дар заминаи ҷодаӣ ва ҳам роҳи оҳан, ҳавоӣ, баҳрӣ, бандарӣ ва ба вижаи транзит корҳои бисёр азиму бузурге анҷом шудааст .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон ҳамчунин ба ифтитоҳи пружаҳои бандарӣ дар бандари шаҳид Раҷоии устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон ва истифода аз таҷҳизоти ҷадиди гилрубӣ дар бандарҳои Эрон ишора кард ва гуфт : Аз лиҳози гилрубӣ бо истифода аз таҷҳизоти нав умқи лозим барои искилаҳо ба вуҷуд омадааст, то киштиҳо ба роҳатӣ барои борфурорӣ ва боргирӣ паҳлу бигиранд .
Рӯҳонӣ имрӯз ҳамчунин фармони ифтитоҳи тарҳҳои миллии Вазоратхонаҳои роҳу шаҳрсозӣ ва варзишу ҷавонон дар саросари Эронро аз тариқи видеоконфронс содир кард .



Бештар бихонед :

 

Барчасп