Июл 25, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Сабти ваксинаи

Узви ҳайати илмии институти Пастери Эрон эълом кард, ваксинаи "Ков Эрон Баракат" ба зуддӣ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сабт мешавад.

Асғари Абдалӣ, узви ҳайати илмии институти Пастери Эрон, бо эъломи инки сабти ин ваксина дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҳоли тай кардани мароҳили илмӣ ва идорӣ аст, гуфт, барои ин кор бояд панҷ фасл навишта ва мустанадоти илмӣ ироа шавад.

Абдалӣ афзуд, тамоми раванди фаъолият аз ибтидо ба тафкики ҷузъиёт бояд ироа шавад, ки дар ҳоли анҷоми ин кор ҳастем илова бар ароаи ин мустанадот, бояд ба сӯрати ҳузурӣ ҳам аз мустанадоти илмии худ дифо кунем.

Вай ҳамчунин гуфт, дониши фаннии ваксинаи корона дар кишвар бумӣ шудааст, ба иборате ин дониш эронӣ аст ва агар ин мавзӯ набуд, ба марҳалаи тавлид ва ахзи муҷаввизи изтирорӣ намерасем.

Абдалӣ афзуд, ағлаби кишварҳои пешрафта тамоюле ба пешрафти кишваре монанди Эрон дар ин заминаҳо надоранду муҳаққиқони эронӣ бо талоши худ тавонистанд ба ин муваффақияти бузург даст ёбанд.

Ваксинаи "Ков Эрон Баракат" баъд аз тайи мароҳили озмоиши болинӣ ба марҳалаи тавлиди анбуҳ расид.

Бештар бихонед:

Барчасп