Июл 25, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури қудратманди Эрон дар режаи баҳрии Русия
    Ҳузури қудратманди Эрон дар режаи баҳрии Русия

Фармондеҳи нерӯи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Қавитарин ҳузур дар миёни нерӯҳои баҳрӣ, ки дар режаи дарёии Русия ҳузур доранд, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон тааллуқ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дарёдор «Ҳусейни Хонзодӣ » фармондеҳи Нерӯи баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сан-Петербург афзуд: Имсол  қавитарин ҳузур миёни нерӯҳои баҳрии ҳозир, мутаъаллиқ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ки бо ду фарванди шиновари Макрон ва Саҳанд дар ин режаи азим ширкат кард.

Фармондеҳи Нерӯи  баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки кишварҳое, ки соҳиби қудрат ва тавонмандӣ ҳастанд ва метавонанд арсаи уқёнусҳоро бипаймоянд дар размоиши дарёии Русия ҳузур доранд, тасреҳ кард: Ҳамкориҳои низомӣ вақте ба ин сатҳ мерасад маънои хосе дорад, зеро сафбандиҳоро, мушаххас мекунад.

Адмирал Хонзодӣ гуфт: Шароити оброҳаҳои Русия ба гунаест, ки Макрони мо бо он азимат ба далели камбуди умқи баҳр мебоист каме дуртар боистад ва ин нишондиҳанда зарфияти Эрон дар режаҳо азим аст.

Фармондеҳи нерӯии баҳрии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: Ҳузури нерӯи баҳрии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин режаи азим нишонгари таъмиқи равобити баҳрии Эрон ва Русия аст.

Режаи баҳрии Русия, имрӯз ( якшанбе ) ба муносибати сесаду бисту панҷумин солгарди таъсиси новгони баҳрии Русия бо фармони «Владимир Путин » раисҷумҳури ин кишвар ва дар ҳузури ҳайатҳои баландпояи низомии беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла  Ҷумҳурии исломии Эрон дар бандари Сан-Петербург  ва халиҷи Финланд оғоз шуд.

Ба гуфтаи «Сергей шайгу» вазири дифои Русия дар ин режа  54 киштии ҷангӣ аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумлаи Ҷумҳуии Исломии Эрон ширкат мекунанд.

Барчасп