Баргузории маросими савгандёди раиси ҷумҳӯри нави Эрон дар Маҷлиси шӯрои исломӣ
Маросими савгандёди раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва бо ҳузури мақомоту намояндагони чандин кишвари хориҷӣ баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон рӯзи панҷшанбе дар матни савганди худ дар маросими савгандёд таъкид кард : Ба унвони раиси ҷумҳӯр дар пешгоҳи Қуръони карим ва дар баробари миллати Эрон ба Худованди қодири мутаъол савганд ёд мекунам, ки посдори мазҳаби расмӣ ва низоми ҷумҳӯрии исломӣ ва қонуни асосии кишвар бошам ва ҳамаи истеъдоду салоҳияти хешро дар роҳи ифои масъулиятҳое, ки бар уҳда гирифтаам ба кор гирам ва худро вақфи хизмат ба мардум ва эътилои кишвар, тарвиҷи дину ахлоқ, пуштибонӣ аз ҳаққу густариши адолат созам ва аз ҳар гуна худкомагӣ бипарҳезам ва аз озодӣ ва ҳурмати ашхосу ҳуқуқе, ки қонӯни асосӣ барои миллат шинохтааст, ҳимоят кунам.
Дар матни савганди Сайидиброҳими Раисӣ омадааст дар ҳаросат аз марзҳову истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар аз ҳеч иқдоме дареғ наварзам ва бо истиъонат аз Худованду пайравӣ аз Паёмбари ислом ва Аиммаи атҳор алайҳимуссалом қудратеро, ки миллат ба унвони амонати муқаддас ба ман супурдааст, ҳамчун амини порсо ва фидокор нигаҳдор бошам ва онро ба мунтахаби миллати пас аз худ бисупорам.