Август 08, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Пазириш ва дармони бемороне аз Тоҷикистон-барои дармони бемориҳои рагҳо ва шуш дар Табрез

Табрез ба зудӣ ба маркази дармони бемориҳои рагҳо ва фишори хуни шушӣ барои пазириши беморони хориҷӣ табдил хоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, масъӯли барномаи бемориҳои рагҳо ва шуши Анҷумани фавқтахассусони рия(шуш)и Эрон гуфт : Бо тавваҷуҳ ба роҳандозии дармонгоҳи бемориҳои рагӣ дар бемористони Имом Ризо ( а ) ва иқдомоти иҷрошуда дар ин ҳавза, Табрез дар масири табдил шудан ба маркази дармони бемориҳои рагӣ ва фишори хуни шушии кишвар қарор дорад .

Фариди Рашидӣ аз ҷазбу дармони бемороне аз Ироқ, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Тоҷикистон дар ин марказ низ хабар доду афзуд : Бо тавваҷуҳ ба шароити коронаии мавҷуд ва албата осонсозии шароит барои беморон, зерсохтҳои муоина ва дармони маҷозӣ низ дар ин марказ дар ҳоли тарроҳӣ ва роҳандозӣ аст, то пас аз баррасиҳои лозим ва дар сурати ниёз нисбат ба ҳузури бемор барои идомаи мароҳили дармонӣ иқдом шавад .

Ӯ бо ишора ба тавонмандиҳои мавҷуд дар дармони бемориҳои раги шушӣ дар Табрез афзуд : Бо тавваҷуҳ ба ин қобилиятҳо ва албата ҳассос будани иқдомоти дармонии ин беморон аз 6 сол қабл ҳамоише барои истифодаи ҳар чӣ бештар аз зарфиятҳои мавҷуд ва тавонмандӣ ва тахассуси пизишкони Эрон дар шохаи бемориҳои уруқӣ ва шуш баргузор мешавад.



Бештар бихонед :

 

Барчасп