Август 09, 2021 09:52 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ваксинасияи умумӣ алайҳи корона, авлавияти давлати Эрон аст

Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрони авлавияти давлати Эронро ваксинасия алайҳи корона эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳӯрии Эрон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон пас аз дарёфти ваксинаи эронии корона « Кув Эрон баракат » бо ташаккур аз талоши муҷоҳидонаи кадри дармон барои ҳифозат аз ҷони мардум гуфт : Ваксинасияи умумӣ зарурати иҷтинобнопазир ва аз авлавиятҳои давлат аст, то битавонем муқовимати умумии мардумро дар баробари ин вирусу ҷаҳишҳои эҳтимолӣ ки дорад, боло бибарем .

Раисӣ бо таъкиди бар шитоб дар тавлиди анбӯҳи ваксинаи корона дар Эрон афзуд : Ҳар мизон ки имкони истифода аз ваксинаи дохилӣ фароҳам буд, истифода мекунем ва ба ҳар миқдор ки камбуд вуҷуд дошт низ бояд аз хориҷ ваксинаҳои муътабар ворид шавад .
Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон дар идома бо ибрози нигаронӣ дар бора омори мубталоёну қурбониёни корона дар Эрон тасреҳ кард : Мардум ҳатман тавсияҳои беҳдоштӣ ироашударо ба таври дақиқ риоят кунанду масъӯлони марбута низ талош кунанд то илзомоту заминаи иҷрои комили ин дастуруламалҳо фароҳам шавад .

Ваксинаи коронаии Баракат маҳсули талоши муҳаққиқону донишмандони ҷавони Эрон аст, ки аз муддати пеш муҷаввизи масрафро дарёфт карда ва Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо сохти ин ваксина ба яке аз 6 кишвари тавлидкунандаи ваксинаи корона дар ҷаҳон табдил шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп