Август 09, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди ваксинаи эронии корона

Раиси ҳайати мудираи гурӯҳи доруии “Баракат” гуфт: Таҷҳизоти хати сеюми тавлиди ваксинаи эронии коронаи “Ков Эрон Баракат” бо зарфияти 16 то 20 миллион доза то як моҳи оянда роҳандозӣ мешавад.

Ҳамидризо Ҷамшедӣ, раиси ҳайати мудираи гурӯҳи доруии “Баракат” бо баёни ин ки гурӯҳи доруии баракат то кунун ҳудуди 2 миллиону 200 ҳазор доза ваксинаи корона ба Вазорати беҳдошт таҳвил додааст, гуфт: Ҳудуди панҷуним миллион доза ваксинаи корона ҳам омодаи таҳвил ба Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аст.

Ҷамшедӣ бо баёни ин ки хати дувуми тавлиди ваксинаи гурӯҳи доруии “Баракат” низ омодаи роҳандозӣ аст, афзуд: Дар ҳоли ҳозир зарфияти тавлиди мо 6 то 8 миллион доза ваксина аст, ки бо ифтитоҳи хати дувум ин зарфият ба 12 миллион доза низ афзоиш хоҳад ёфт.

Раиси ҳайати мудираи гурӯҳи доруии “Баракат” аз насби таҷҳизоти хати сеюми тавлиди ваксина бо зарфияти 16 то 20 миллион доза ҳам хабар доду афзуд: Ин хати сеюм ҳам то як моҳи оянда роҳандозӣ мешавад.

Ҷамшедӣ аз бумӣ будани сад дарсадии дониши илмии тавлиди ваксина хабар доду афзуд: Ҳамакнун баъд аз Ҳинду Чин, бузургтарин сайти тавлиди ваксинаи дунё дар шаҳраки доруии “Баракат” фаъол аст ва бо фаъолияти ин се хати тавлиди ваксина метавонем илова бар ниёзи кишвар, бахше аз ниёзи кишварҳои минтақаро ҳам бартараф кунем.

Раиси ҳайати мудираи гурӯҳи доруии “Баракат” гуфт: Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, ваксинаи “Ков Эрон Баракат” камтарин аворизро доштааст ва пайгири дарёфти муҷаввиз аз Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳастем.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп