Қолибоф дар дидор бо дабири кулли Ҷиҳоди исломӣ: Ҳимоят аз Фаластин то озодии Қудс идома дорад
(last modified 2021-08-09T12:36:18+00:00 )
Август 09, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Қолибоф бо Аннахола
    Дидори Қолибоф бо Аннахола

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз муборизоти миллати Фаластин ва меҳвари муқовимат то озодии Қудси шариф таъкид кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз - душанбе дар дидори Зиёд Аннахола, дабири кулли ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, бо табрики пирӯзиҳои миллати Фаластин ва меҳвари муқовимат дар ҷанги 12 рӯзаи ахир бо режими ишғолгари Қудс гуфт: Ин дастоварди муҳими муборизони Фаластин, ба вижа размандагони Ҷиҳоди исломӣ нишон аз инсиҷому ҳамбастагии миллати Фаластин дорад.

Қолибоф афзуд: “Режими ғосиби саҳюнистӣ тасаввури чунин шикастеро намекард ва муқовимати қаҳрамононаи миллати Фаластин барои онон бисёр дарднок буд”.

Қолибоф бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз муборизоти миллати Фаластин ва меҳвари муқовимат таъкид кард ва гуфт: “Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз ҳар гуна рӯйкарде, ки мунҷар ба ваҳдату ҳамбастагӣ миёни гурӯҳҳову ҷараёноти фаластинӣ шавад, ҳимоят мекунад”.

Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар ин дидор ба ҳимоятҳои Раҳбари муаззами инқилоб, мардум ва мақомоти Эрон аз миллати мазлуми Фаластин ишора кард ва гуфт: “Миллати Фаластин ба азму иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки парчами ҳимоят аз мустазъафонро барафроштааст, ифтихор мекунад”.

Дабири кулли ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар идома бо ишора ба нақши таъсиргузори шаҳиди сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар ҳимоят аз меҳвари муқовимат, пирӯзии миллати Фаластин дар ҷангҳои ахирро муҳим хонду афзуд: “Ба яқин пирӯзиҳои мардум ва муборизони фаластинӣ бидуни ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон таҳаққуқ пайдо намекард, умедворем битавонем дар ояндаи наздик бо кумаки Эрон сарзаминҳои ишғолиро аз чанголи режими саҳюнистӣ озод кунем”.

 

Барчасп