Август 14, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Авруосиё - масире барои тавсеъаи содирот ва дастёбии Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ

Мушовири умӯри байналмиллал ва тавофуқҳои тиҷории Созмони тавсеъаи тиҷорати Эрон эълом кард : " Авруосиё " - масире барои тавсеъаи содирот ва дастёбии Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мирҳодии Сайидӣ-мушовири умӯри байналмиллал ва тавофуқҳои тиҷории Созмони тавсеъаи тиҷорати Эрон гуфт : Аз фоидаҳои мубодилот бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё афзоиши саҳми содирот ба онҳо ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз масири ин кишварҳо аст .
Мирҳодии Сайидӣ афзуд : Пас аз имзои мувофиқатномаи тарҷеҳӣ  воридоту содироти миёни ин кишварҳо бо Эрон осон шудааст .
Мушовири умӯри байналмиллал ва тавофуқҳои тиҷории Созмони тавсеъаи тиҷорати Эрон бо ишора ба 80 миллион ҷамъияти Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар ҳамсоягии Эрон  гуфт : Ин кишварҳо бо омори беш аз 300 миллиард доллари воридот  қутби бузурги иқтисодӣ маҳсӯб мешаванд, ки метавонанд бозори бузурге барои колоҳои тавлидии Эрон бошанд .
Оморҳо нишон медиҳад  дар се моҳаи ибтидои имсол ( 1400 ) Эрон 258 миллион доллар коло ба Авруосиё содир ва 347 миллион долар низ аз ин кишварҳо ворид кардааст .
Панҷи кишвари Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳодияи Авруосиёро ташкил медиҳанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп