Август 16, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Баргузории аввалин шаби маросими азодории ҳазрати Сайидуш-шуҳадо ( ъ ) бо ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоб

Аввалин шаби маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн алайҳис-салом дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ  дар ин маросим, ки ба далели шуюъи вируси корона ва таъкиди ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба риояти дастуруламалҳои Ситоди миллии муқобила бо корона бидуни ҳузури ҷамъият баргузор шуд, ҳуҷҷатил-исломи валмуслимин Сиддиқӣ дар суханоне  даъвату ҳидоятгарии ҳамаи анбиёءву авлиёро шомили ду ҷанбаи даъват ба тавҳиду иҷтиноб аз тоғут донист ва гуфт : Ҳамин асл нишондиҳандаи зарурати ҳукумати  динӣ аст, чаро ки эҷоди ҷомеъаи тавҳидӣ ва барчида шудани бисоти ҳукуматҳои фосиду тоғутӣ дар гарави ташкили ҳукумати динӣ аст .
Ҳамчунин дар ин маросим оқои Қосими Разиъӣ ба таловати оёте аз Каломуллоҳи маҷид пардохт ва оқои Муртазо Тоҳирӣ низ ба зикри мусибат ва марсияхонӣ пардохт .
Маросими азодории айёми шаҳодати ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн  ( ъ ) –набераи поки Паёмбар(с) аз шаби ҳафтум то шаби давоздаҳуми муҳаррами 1443 ҳиҷрии қамарӣ ( 15 то 20 августи 2021 ) ба муддати 6 шаб дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон баргузор мешавад .
Ҳазрати Имом Ҳусайну ёрони бовафои ишон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп