Ҳузури 63 варзишкори эронӣ дар маросими паради ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72550-Ҳузури_63_варзишкори_эронӣ_дар_маросими_паради_ифтитоҳияи_бозиҳои_паролимпии_Токио
63 варзишкори эронӣ дар маросими паради ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио ширкат мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 25, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 63 варзишкори эронӣ дар маросими паради ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио

63 варзишкори эронӣ дар маросими паради ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио ширкат мекунанд.

Масъулони корвони паролимпии Эрон эълом карданд, 63 варзишкори эронӣ дар маросими режаи ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио ширкат мекунанд.

Дар ҷаласоти ахири ҳамоҳангӣ, ки бо ширкати масъулони корвонҳои кишварҳои ҳозир дар бозиҳои паролимпии Токио баргузор шуд, бар риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ барои муқобила бо вируси корона дар мусобиқот ва ҳамчунин маросими паради ифтитоҳияи бозиҳо таъкид шудааст.

Маросими ифтитоҳияи бозиҳои паролимпии Токио аз соати 15: 30 дирӯз - сешанбе ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи олимпии Токио оғоз шуд.

Дар бозиҳои паролимпии Токио 4400 варзишкор аз 162 кишвар бо ҳам рақобат мекунанд.