Тамҷиди AFC аз рекорди Сардор Озмӯн дар Лигаи Русия
Конфедерасиюни футболи Осиё "AFC" рӯзи ҷумъа ба тамҷид аз рекорди ҷадид ва амалкарди дурахшони Сардор Озмӯн, миллипӯши эронии тими футболи "Зенит Санкт -Петербург" дар варзишгоҳи хонагии худ мизбони ЦСКА дар Лигаи бартари ин кишвар пардохт.
Панҷшанбешаб аз ҳафтаи шашуми рақобатҳои Лигаи бартари Русия, тими футболи "Зенит Санкт -Петербург" дар варзишгоҳи хонагии худи мизбони "ЦСКА"-и Маскав буд, ки ин бозӣ бо натиҷаи як бар сифр ба нафъи тими Зенит поён ёфт. Ягона голи ин бозиро Сардор Озмӯн дар дақиқаи 82 ба самар расонд.
Озмӯн бо ин гол теъдоди голҳои худиро дар Лигаи Русия ба адади 100 расонд. Дар ҳамин робита Конфедерасиюни футболи Осиё ба тамҷид аз ситораи эронӣ пардохт ва бо интишори тасвире аз Озмӯн ва рекорди ҷадидаш, ин муваффақиятро ба ӯ табрик гуфт.
Озмӯн аз соли 2013 дар Лигаи бартари Русия ҳузур дорад. Вай дар ин муддати 7сола барои тимҳои Рубин Казан, Ростов ва Зенит бозӣ кардааст.