Ҳаштумин медали тиллои корвони варзишии Эрон дар рақобатҳои паролимпии Токио
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i73004
Партобгари эронӣ ҳаштумин медали тиллои корвони варзишии Эронро дар рақобатҳои паролимпии Токио касб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2021 15:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳаштумин медали тиллои корвони варзишии Эрон дар рақобатҳои паролимпии Токио

Партобгари эронӣ ҳаштумин медали тиллои корвони варзишии Эронро дар рақобатҳои паролимпии Токио касб кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Саиди Афрӯз, партобгари найзаи Эрон дар класси "F-34" имрӯз, чаҳоршанбе дар мусобиқоти дав ва майдонии бозиҳои паролимпии Токио муваффақ ба касби медали тилло шуд.

Саиди Афрӯз бо партобе ба мизони 05 / 40 метр ба медали тиллои паролимпии Токио даст ёфт. Афрӯз дар ҳоле муваффақ ба касби медали тилло шуд, ки ду варзишкор аз Колумбия, ба тартиб ба медалҳои нуқраву биринҷӣ даст ёфтанд.

Корвони варзишии Эрон бо 8 медали тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ дар радаи 12 бозиҳои паролимпии Токио қарор дорад.