Баргузории дувумин нишасти Шӯрои олии ҳамоҳангии сарони қуво
(last modified Sun, 05 Sep 2021 04:43:28 GMT )
Сентябр 05, 2021 09:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувумин нишасти Шӯрои олии ҳамоҳангии сарони қуво

Дар нишасти Шӯрои олии ҳамоҳангии сарони қуво, бар зарурати ҳамафзоӣ барои беҳбуди вазъияти маишатии мардуми Эрон ва наҳваи муқобила бо корона таъкид шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дувумин нишасти Шӯрои олии ҳамоҳангии сарони қуво пас аз ташкили давлати сездаҳуми Эрон асри рӯзи шанбе бо ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ҳуҷҷатулислом Саидиброҳими Раисӣ, раиси қувваи муҷрия ва ҳуҷҷатулислом Ғуломҳусайни Эжаӣ, раиси қувваи қазоия баргузор шуд.

Дар нишасти пешин муқарар шуд, ҷаласоти сарони қуво ба таври мураттаб баргузор шавад то ин ҳамафзоӣ бистари лозим барои ҳали масоили асосии кишварро фароҳам кунад.

Муқобила бо корона ва маишати мардум аз авлавиятҳои нахусти ин ҷаласот аст ва гуфтугӯҳои сарони қуво низ маътуф ба ҳалли ин мушкилот аст.

Ҳамчунин мавзуоти муҳимми дигаре дар арсаи дохилӣ ва минтақаӣ мавриди баҳсу баррасии сарони 3 қувва қарор гирифт.