Сентябр 11, 2021 13:39 Asia/Dushanbe
  • Паёми фармондеҳи муаззами кулли қуво дар пайи бозгашти новгурӯҳи нерӯи дарёӣ аз паҳнаи Атлас

Дар пайи бозгашти новгурӯҳи 75 нерӯи дарёӣ аз дарёнавардии паҳнаи Атлас, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме бозгашти муқтадирона ва иззатофарин аз ин маъмурияти хатирро табрик гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо табрики бозгашти муқтадирона ва  иззатофарин новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии артиш аз маъмурияти таърихсози дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атлас, аз фармондеҳ ва якояки коркунони он қадрдонӣ карданд.

Матни паёми фармондеҳи муаззами кулли қуво, ки ба генерал Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон иблоғ шуд, ба ин шарҳ аст: Бозгашти муқтадирона ва иззатофарини новгурӯҳи 75 нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маъмурияти хатири дарёнавардии паҳнаи Уқёнуси Атласро, ки барои аввалин бор дар таърихи дарёнавардии кишвар анҷом шудааст, табрик мегӯям.

Дар ин паём омадааст, имрӯз шукри Худо Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо коркунони басир, ғаюр ва хастагинопазири худ дар саҳна ҳозир аст ва омодаи муҷоҳидат дар ростои аҳдофи баланди инқилоби шукӯҳманди исломӣ мебошад.

Фармондеҳи муаззами кулли қуво дар ин паём таъкид карданд, ин тавонмандиҳоро ҳифз кунед ва иртиқо диҳед. Маротиби ташаккур ва қадрдонии инҷонибро ба фармондеҳ ва якояки коркунони азизи новгурӯҳ ва дастандаркорон бирасонед.

Бештар бихонед:

 

Барчасп