Мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ вориди Теҳрон шуд
Рафаэл Гросси-мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ барои гуфтугӯ бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гросси дар сарварии ҳайате ба манзури гуфтугӯ ва дидор бо Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон вориди фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( р ) Теҳрон шуд ва мавриди истиқболи Беҳрӯзи Камолвандӣ-муовини умӯри байналмиллалӣ,ҳуқуқӣ ва маҷлиси Созмони энержии атомии Эрон қарор гирифт .
Ин дидор пеш аз зуҳри рӯзи якшанбе сурат мегирад ва ҳайати Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ баъд аз зуҳри ҳамон рӯз ба Вена муроҷиа хоҳанд кард.
Сафари Гросси ба Эрон пеш аз баргузории нишасти фаслии Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ сурат мегирад, ки аз рӯзи душанбе оғоз мешавад .