Раисӣ аз пазируфтани узвияти Эрон ба СҲШ ташаккур кард
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), барои пазируфтани кишвараш ба ин созмон изҳори сипос кард.
Ба гузориши «Спутник», Иброҳими Раисӣ дар шаҳри Душанбе аз зарфияти бузурги инсонӣ, энержӣ ва табиии Эрон ёдовар шуд ва афзуд: Эрон дар таҳкими ҳамгироиву ҳамкории минтақаӣ саҳми бузург гузошта метавонад.
Раисӣ дар идома афзуд, чандҷонибагароии иқтисодӣ, сиёсати ҳамсоядории хуб ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақаӣ аз авлавиятҳои сиёсаташ ба ҳайси раиси ҷумҳурии Эрон, мебошад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, минтақаи Осиё ҳамеша пайвандии жарф дошта, эҳтиром ба танаввуи фарҳангӣ, эътимоди тарафайн ва манофеи муштарак аз пояҳои рушди муносибот мебошад.
Таъкиди Раисӣ ба ҳамгироӣ дар ҳоле аст, ки феълан СҲШ ҳашт кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Ҳинд ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқии Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.
Санад барои пазируфтани Эрон ба СҲШ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба имзо расид. Инчунин Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ ба ҳайси нозир дар СҲШ қабул шуданд.