Сентябр 18, 2021 15:08 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори медоловарони бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио, бо қадрдонии самимона аз қаҳрамонони Эрон гуфтанд, муҳимтарин паёми қаҳрамонии варзишкорони ифтихорофарини кишвар дар саҳнаҳои байналмилалӣ,имкони таҳаққуқи корҳои ба зоҳир нашуданӣ ва интиқоли паёми истодагӣ ва умеду нишот ба ҷомеъа ва ҷавонон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор ба намунаҳое аз қаҳрамониҳо ва медоловариҳои носолим дар варзиши ҷаҳон ишора карданд ва афзуданд, илова бар нодовариҳо, ришва ва кашмакашиҳо сиёсӣ ва истифода аз маводи нерӯзо, касби медол ба воситаи ватанфурӯшӣ ва худфурӯшӣ низ аз намунаҳои қаҳрамонии носолим аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таҷаллии арзишҳои инсонӣ ва динӣ ва маънавӣ дар канори қаҳрамониро бисёр арзишманд хонданд ва бо ишора ба намунаҳое аз ин маворид дар рақобатҳои олимпӣ ва паралимпӣ гуфтанд, бонувони варзишкори эронӣ дар ин рақобатҳо собит карданд, ки ҳиҷоби исломӣ монеъи дурахшиш дар арсаи варзиш нест ҳамон гуна, ки ин мавзӯро дар арсаҳои сиёсату илм ва мудирият низ собит кардаанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд, ҳиҷоби варзишкоронзани эронӣ, роҳро барои варзишкоронзани кишварҳои исломӣ низ ҳамвор кардааст ба гӯнае, ки акнӯн бонувони варзишкор беш аз 10 кишвари исломӣ, бо риояти ҳиҷоб дар маёдини варзишӣ ҳозир мешаванд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мавзӯи ба расмият нашинохтан режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар маёдини варзиширо мавзӯе бисёр муҳим донистанд ва гуфтанд, режими наслкуш ва номашрӯи саҳюнистӣ талош дорад бо ҳузур дар майдонҳои байналмилалии варзишӣ барои худ касби машрӯъият кунад ва мустакбирини ҷаҳонӣ низ ба ӯ кумак мекунанд, аммо масъулони муҳтарами варзишӣ ва варзишкорон набояд дар ин ҳавза, ба ҳеҷ ваҷҳ мунфаил шаванд.

Эшон бо ишора ба иқдомоти мутақобили режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш барои маҳрӯм кардани варзишкорон, таъкид карданд, вазорати варзиш ва вазорати умури хориҷа ва дастгоҳҳои ҳуқуқӣ бояд ин мавзӯро аз роҳҳои ҳуқуқӣ дунбол ва аз варзишкорони кишвар ва ҳатто варизишкорони мусулмони дигари кишварҳо ҳамчун варзишкори алҷазоирӣ, ки ахиран маҳрӯм шуд, ҳимоят кунанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки варзишкори сарбаланди эронӣ наметавонад ба хотири як медол бо намояндаи режими ҷинояткор даст бидиҳад ва амалан ӯро ба расмияти бишиносад, афзуданд, ин мавзӯ собиқа дорад ва дар гузашта ҳам варзишкорони кишварҳо аз мусобиқа бо намояндагони режими апартеиди Африқои Ҷанубӣ имтиноъ мекарданду баъд аз муддате ҳам он режим аз байн рафту режими саҳюнистӣ низ нобуд хоҳад шуд.

 

Барчасп