Октябр 05, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Маросими азодории солрӯзи реҳлати расули акрам (с) ва ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а) бо ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ

Маросими азодории солрӯзи реҳлати расули акрам - саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва набераи бузурги ҳазрат - имом Ҳасани Муҷтабо алайҳиссалом субҳи имрӯз (сешанбе) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Олӣ дар суханоне паёмбари акрам (с) -ро бузургтарин таҷаллӣ ва зуҳури парвардигор хонд ва гуфт: Беҳтарин муаррификунандаи он вуҷуди муқаддас Худованд аст, ки дар Қуръони Карим паёмбарашро аз мардум, дар миёни мардум, дилсӯзу ҳарис бар ҳидояти мардум ва рауфу бисёр меҳрубон бо муъминин муаррифӣ мекунад.

Ҳамчунин маддоҳи аҳли байт алайҳиссалом ба навҳахонӣ ва зикри мусибат пардохт.

Имрӯз (сешанбе) 28 сафари 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 5 октябри 2021 солрӯзи реҳлати паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), набераи паёмбар ва имоми дувуми шиаёни ҷаҳон аст.

 

Барчасп