Толибон: Иҷоза намедиҳем таҳдиде аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон сурат гирад
Муовини волии Толибон дар вилояти Ҳирот, ҳамзамон бо таҳвили чаҳорумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон таъкид кард, ки ин гуруҳ иҷоза нахоҳад дод таҳдиде аз сӯи гурӯҳаки террористии ДИИШ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси эъломи дафтари расонаҳои волии Ҳирот, мавлавӣ Шераҳмад Аммории Муҳоҷир дар дидор бо мақомҳои маҳаллии Хуросони Разавӣ ва ҳамзамон бо таҳвили чаҳорумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Афғонистон дар нуқтаи сифри гузаргоҳи марзии Исломқалъа гуфт, ки Толибон ба тамоми қавонини байналмилалӣ ва ҳамсоядорӣ пойбанд буда ва ҳеҷгоҳ иҷоза намедиҳад, ки афрод ва ё гуруҳҳое монанди ДИИШ аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон истифода кунанд.
Устондори Хуросони Разавӣ рӯзи гузашта бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва баррасиву ҳалли мушкилоту мавонеи транзитӣ дар раъси ҳайате ба Афғонистон сафар кард.
Дар идомаи раванди ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Афғонистон ва пас аз як моҳи рӯйи кор омадани ҳукумати Толибон, рӯзи душанбе чаҳорумин маҳмулаи эҳдоӣ дар нуқтаи сифри марзии Хуросони Разавӣ ва Ҳирот ба масъулини афғон таҳвил дода шуд. Ҳамчунин имрӯз, сешанбе низ маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон барои мардуми афғон ба Афғонистон ирсол шуд.
Бештар бихонед: