Октябр 19, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Yousef Al – Othaimeen маҳкӯмияти иқдомоти ғайриинсонии ДИИШ дар Афғонистонро хостор шуд
    Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Yousef Al – Othaimeen маҳкӯмияти иқдомоти ғайриинсонии ДИИШ дар Афғонистонро хостор шуд

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Yousef Al – Othaimeen, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ бо ишора ба иқдомоти террористӣ ва ҷинояткоронаи ахири ДИИШ дар ҳамлаи душманона ба намозгузорон дар ду масҷид дар Қундӯз ва Қандаҳор, маҳкӯмияти ин иқдомоти ғайриинсонӣ тавассути дабири кул ва аъзои Созмони Ҳамкории Исломиро хостор шуд.

Мардуми Афғонистон беш аз ду даҳа қурбонии сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Амрико шуданд ва акнӯн ҳам ҳадафи ҷиноёти террористии ДИИШ ҳастанд, ки бо ҳимояти Амрико ба Афғонистон нуфӯз кардаанд.

ДИИШ зарфи чанд моҳи ахир бо ҳадафи эҷоди тафриқа байни шиъа ва суннӣ, масоҷиди шиъёнро ҳадаф қарор додааст.

Иқдоми террористӣ дар масҷиди «Имоми Боргоҳи Фотимия», бузургтарин масҷиди шиъён дар Қандаҳор беш аз 40 нафар кушта ва 70 захмӣ бар ҷо гузошт. Гурӯҳи ДИИШ масъӯляти ин ҳамлаи террористиро ба ӯҳда гирифт.

Ин чандумин ҳамлаи террористӣ аст, ки дар Афғонистон ба вуқуъ мепайвандад. Нахустин инфиҷор дар ҳафтаи дувуми тасаллути Толибон бар Афғонистон наздики фурудгоҳи Кобул ба вуқуъ пайваст. Дар он ҳамла, ки масъӯляти онро низ шохаи “Хуросони ДИИШ” бар ӯҳда гирифт, ҳудӯди 200 нафар, аз ҷумла кӯдакон ва занон ҷон бохтанд. Чанд ҳафта пеш низ инфиҷоре дар наздикии масҷиди «Идгоҳ» дар Кобул рух дод, ки дар ҷараёни он дастикам ҳашт нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Амалиёти террористӣ дар масҷиди Қандаҳор дар ҳоле анҷом гирифт, ки пеш аз он дар пайи инфиҷор дар масҷиди «Саидобод»-и шиъён дар вилояти Қундӯз, 46 нафари ҷон бохта буданд ва масъӯляти он инфиҷорро низ ДИИШ бар ӯҳда гирифта буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҷиноётро маҳкӯм ва аз идомаи ин рухдодҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Нокомии давлати муваққати Толибон дар мувоҷиҳа бо иқдомоти террористии ДИИШ ва тадовуми иқдомоти ҷинояткорона дар Афғонистон албатта як муъзали асосӣ аст, ки бояд дар мавриди он тасмими ҷиддӣ иттихоз шавад.

Масъалаи муҳими дигар масъӯлятҳои ҷаҳони Ислом ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аст. Кишварҳои исломӣ барағми зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи худ иқдоми муассире дар заминаи муқобила бо терроризму ДИИШ анҷом надодаанд. Аз соли 2001, ки Афғонистон ба ишғоли Амрико даромад то чанд моҳи пеш, ки Вашингтон хурӯҷе ғайри масъӯлонаро аз ин кишвар рақам зад, мардуми Афғонистон ҳамвора қурбонии ин ҳузур ва моҷароҷӯии Кохи Сафед ва НАТО будаанд. Ҳамаи ин солҳо бо сукут ва беамалии созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, сипарӣ шуд. Созмони Ҳамкории Исломӣ низ ки мебоист, такягоҳ ва мудофеъи ҳуқуқи миллатҳои мусулмон бошад, дар амал ба масъӯлятҳои худ тааллулҳои фаровон кардааст.

Дар ҳоли ҳозир вазъияти мардуми Афғонистон бисёр нигаронкунандааст ва ниёз ба таъмини амният барои ҳамаи қишрҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои қавмӣ - мазҳабӣ ба шиддат эҳсос мешавад. Бетардид дар сӯрати адами иттихози тадобири шадиди амниятӣ ва идомаи нотавонӣ дар муқобила бо террористҳо, буҳрони Афғонистон вориди марҳалае ҷаддитар хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин мавқеъияти душвор худро дар канори мардуми Афғонистон медонаду омодаи кумак ва ҳамкории ҳамаҷониба барои эҷоди субот ва амнияти пойдор барои миллати Афғонистон аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамин хусӯс дар гуфтугӯи телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ки душанбешаб анҷом гирифт, аз вазъияти Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва хостори иқдоми ҷаддии дабири кулли Созмони милал дар таваққуф ва муқобила бо терроризм дар Афғонистон шуд.

Тамосҳои вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Созмони милал ва дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ ва таъкид бар ҳимоят аз ифои нақши фаъолтари созмонҳо ва кишварҳои исломӣ дар қиболи Афғонистон ёдовари аҳаммияти ин мавзӯ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Бештар бихонед:

Барчасп