Дидори вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири нерӯи Эрон
(last modified Fri, 29 Oct 2021 13:00:27 GMT )
Октябр 29, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири нерӯи Эрон

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон дар Теҳрон мулоқот кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ (2021) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯби сафари кории худ ба шаҳри Теҳрон, ҷиҳати ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба иловаи Русия, бо вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон Алиакбари Меҳробиён дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилшуда зимни мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) табодули назар намуда, мавҷудияти зарфияту имконот ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои беҳтар ва баҳрабардории мутақобили бештар аз лоиҳаҳои муштаракро қайд намуданд.