Ноябр 01, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон : Ҳеҷ тамосе миёни Эрону Амрико барқарор нест

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳар гуна тамосе миёни Ҷумҳурии исломии Эрону Амрикоро дар ҳар қолабӣ такзиб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо, Саиди Хатибзода дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсише дар бораи иддаои бархе расонаҳои ғарбӣ дар хусӯси пешниҳоди Амрико ба Эрон барои баргузории гуфтугӯҳои дуҷониба дар Бағдод гуфт : Миёни Ҷумҳурии исломии Эрону Амрико муддатҳост, ки гуфтугӯе нашудааст .

Вай тасреҳ кард : Мавзеи мо дар ин бора комилан равшан аст ; Амрико ноқизи қатъномаи 2231 ва тарафӣ аст, ки ба таври ғайриқонӯнӣ аз Барҷом хориҷ шуду ҳамаи талошашро кард, ки Барҷомро аз байн бибарад ва таҳримҳои ғайриқонӯнӣ ва золимонае зидди миллати Эрон ҷорӣ кард .
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард : Табъан то замоне ки ин воқеъиёту шароит тағйир накунад тамос миёни Эрону Амрико дар ҳеҷ қолабӣ барқарор намешавад.
 


Бештар бихонед :

 

Барчасп