Пешрафтҳои Эрон дар дониши ҳастаӣ ; ифтихори мондагор
Захираҳои урани 20 дарсадии Эрон аз 210 кило убур карда ва 25 кило урани 60 дарсадӣ низ тавлид шудааст .
Беҳрӯзи Камолвандӣ-сухангӯи Созмони энержии атомӣ дар ҳошияи ифтитоҳи намоишгоҳи дастовардҳои ҳастаии Эрон дар Теҳрон дар мусоҳиба бо хабарнигорон бо эъломи ин хабар пешрафтҳои Эрон дар дониши сулҳомези ҳастаиро ташреҳ кард .
Пешрафтҳои чашмгири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ дар чаҳорчуби истифодаи сулҳомез аз дониши ҳастаӣ аст .
Эрон муътақидаст, ки силоҳҳои ҳастаӣ ва ҳамаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ бояд решакан шаванд. Бар асоси гузоришҳои мустанад вуҷуди беш аз 14 ҳазор силоҳи ҳастаӣ ва имкони истифода аз онҳо хатаре аст, ки башарияту кураи Заминро таҳдид мекунад .
Бертранд Голд Шмит-раиси собиқи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии ҳастаӣ бо интиқод аз рӯйкардҳои якҷониба ва орӣ аз ҳусни ният тавассути бархе аз кишварҳои ғарбӣ мегуяд ; " Рӯйкарди ғайриоқилонаи қудратҳое монанди Амрико боиси бурузи буҳронҳои ҷиддии сиёсӣ, амниятӣ ва низомӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шуда ва шароитеро эҷод карда, ки сулҳу амнияти ҷаҳониро ба хатар андохтааст . "
Ҷумҳурии исломии Эрон 28 октябр қатъномаеро пешниҳод кард, ки аз кишварҳои ҳастаии узви NPT мехоҳад ба таъаҳҳудоташон дар бораи нобудии комили зарродхонаи таслеҳоти атомии худ амал кунанд . Ин қатънома бо ҳимояти аксарияти аъзои Созмони Миллал дар кумитеи аввали Маҷмаъи умумӣ ба тасвиб расид .
Дониши ҳастаӣ, аммо ба далели корбурди рӯзафзӯни он дар арсаҳои мухталифи саноъатӣ, пизишкӣ ва ҳамчунин таъмини энержии пок мавриди тавваҷуҳи бисёре аз кишварҳо қарор дорад . Эрон низ дар саноъати ҳастаӣ бо баҳрагирӣ аз тавонмандиҳои бумӣ дар кишвар фаъолиятҳои худро дар чаҳор меҳвар шомили ; такмили чархаи сӯхт, дастёбӣ ба фанновариҳои пешрафта, тавлиди энержӣ ва корбурди партовҳо дар фаъолиятҳои кишоварзӣ, саноъатӣ ва пизишкӣ мутамарказ карда ва дар ҳамаи ин арсаҳо пешрафтҳои қобили мулоҳизае ба даст овардааст .
Эрон бо дастёбӣ ба сӯхти 20 дарсад дар камтарини замони мумкин тавонмандии илмии худро исбот кард . Дар ҳоли ҳозир дар реактори таҳқиқотии Теҳрон аз сӯхти сафҳаии сохташуда дар Созмони энержии атомии Эрон истифода мешавад . Афзоиши сатҳи ғанисозӣ уран дар воқеъи бахше аз зарфиятҳои фановаронаи бумии Эрон дар дониши ҳастаӣ бо таъкид бар аҳдофи сулҳомез аст . Ҷумҳурии исломии Эрон дар иҷрои қонуни « Иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳову сиёнат аз манофеи миллати Эрон » мусавваби Маҷлиси шӯрои исломӣ, ғанисозии 60 дар садиро оғоз кард . Урани ғанишудаи 60 дарсадӣ дар тавлиди унсури " молебдин " ҷиҳат бакоргирӣ дар сохти анвоъи родиодоруҳо корбурд дорад . Ғанисозии уран муғоирате бо фаъолиятҳои матаъорифи ҳастаӣ надорад .
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамаи гомҳои бардошташуда дар саноъати ҳастаӣ пайбандии комил ба муъоҳидоти ҳастаӣ дошта ва дар чорчӯби муқаррарот ва таҳти назоратҳои мустамари Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба фанноварӣ ва дониши ҳастаӣ даст ёфтааст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муъаззами инқилоб борҳо таъкид кардаанд, ки Эрон ба дунболи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест ва ҳадафи Эрон дастёбӣ ба фановарии сулҳомез аст .
Ишон дар ҳамин хусӯс дар дидори ҷамъе аз нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмӣ хотирнишон карданд : Агар илм аз фарҳанги саҳеҳ ҷудо шавад, ба хато меравад . Илми нофеъи ҳастаӣ чун бо фарҳанги инсондӯстӣ ҳамроҳ набуд, ба бомбаи ҳастаӣ мунҷар шуд ва имрӯз ҳамчунон таҳдиди дунёст . Мо бо онкӣ метавонистем, қотеъонаву шуҷоъона дар ин роҳ ворид нашудем ; ҳам сохтани бомбаи атомӣ ва ҳам нигаҳ доштани он ғалат аст, чун ба кор бурдани он ҳаром аст . "
Бештар бихонед :