Аёдати дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) аз маҷрӯҳони инфиҷори Қандаҳори Афғонистон
(last modified 2021-11-08T05:20:21+00:00 )
Ноябр 08, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Аёдати дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) аз маҷрӯҳони инфиҷори Қандаҳори Афғонистон

Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) аз бархе маҷрӯҳони инфиҷори Қандаҳори Афғонистон дар Теҳрон аёдат кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Ризо Рамазонӣ-дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) асри якшанбе зимни гуфтугӯ бо бархе ҳодисадидагони инфиҷори масҷиди ҷомеъи Фотимия дар Қандаҳори Афғонистон орзӯи саломатӣ барои онҳо кард ва аз мардуми Афғонистон ба унвони инсонҳои наҷиб ёд карду Афғонистонро кишварӣ ғанӣ донист, ки душманон ҳамвора ба он тамаъ доштаанд .

Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) ҳамчунин дар бораи вазъияти ояндаи Афғонистон гуфт : Қатъан ояндаи Афғонистон ба навъи амалкарди онҳо нисбат ба ҳузури мардум бастагӣ дорад . Яъне агар ҳукумат фарогир бошаду мардум иҷозаи вуруд ба аҷониб надиҳанд, Афғонистон метавонад ояндаи хубе дошта бошад, аммо агар аҷониб ба шаклҳои мухталиф вуруд кунанду мардум низ дар сарнавишти худ ҳузур надошта бошанд ва ҳукумат фарогир набошад душманон талош мекунанд, ки ин танишҳо ташдид пайдо кунад .

  • Оятуллоҳ Рамазонӣ афзуд : Маҷомеъи ҷаҳонӣ ва уқало дар Афғонистон ба вижа уламову андешмандон ва фарҳехтагони ин кишвар ва касоне, ки нақши ҳидоятиро ба ӯҳда доранд, агар мехоҳанд ҷилави танишҳо, таҳдидҳо, кушторҳо ва тарсу ваҳшат гирифта шавад, бояд ба як ҳукумати фарогир бирасанд ва эҳтироми ҳамаро ҳифз кунанд ва агар ақлонияту эътидол дар онҷо ҳоким бошад, ояндаи Афғонистоняндаи навидбахше хоҳад буд .

Дар паи ҳодисаи террористии ҷумъа ( 14 октябри 2021 ) дар масҷиди Фотимия дар Қандаҳори Афғонистон беш аз 40 тан ба шаҳодат расиданд ва 70 нафар захмӣ шуданд .
Манобеи хабарӣ инфиҷорро ношӣ аз 3 ҳамлаи маргталабона медонанд, ки дар сафи намозгузорон, дар вурудии масҷиду беруни масҷид рух додааст .
ДИИШ масъӯлияти ин ҳодисаи террористиро бар ӯҳда гирифтааст .

 

Барчасп