Ноябр 08, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини вазири дифои Эрон : Имрӯз таҳдиди душман ба маншури чандваҷҳӣ табдил шудааст

Ҷонишини вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Имрӯз таҳдидоти душман ба шакли маншури чандваҷҳӣ ва ҳамаҷониба сурат мегирад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати дифо, сартипи посдор Саидмаҳдии Фараҳӣ гуфт : Имрӯз таҳдидоти душман ба шакли маншури чандваҷҳӣ ва ҳамаҷониба сурат мегирад, ки яке аз маншурҳои он таҳоҷуму таҳдиди низомӣ аст .

Сартипи посдор Фараҳӣ дар ҳафтумин ҳамоиши миллии падофанди колбудӣ ва ҳифозат аз зерсохтҳои кишвар дар донишгоҳи санъатии Молики Аштари Вазорати дифо афзуд : Имрӯзи ҷангу мунозиъаи низомӣ камрангтарин навъи таҳдид маҳсуб мешавад ва чи басо бо истифода аз силоҳҳои ҳушманд, дурзан,нуқтазан ва дигар ҷангҳои тӯлонимуддати чандсола ба ҷангҳои чандрӯза табдил шавад.
Ҷонишини Вазири дифоу пуштибонии неруҳои мусаллаҳ ҳамчунин гуфт : Дар ин фазо бояд барои ҳаҷмаҳои фарҳангӣ, ҳаҷмаҳои сахти афзорӣ, ҳаҷмаҳои сойбирӣ, ҳаҷмаҳои электромагнитӣ ва ҳаҷмаҳои фанновариҳои бартари душман низ барномаи муқобилаӣ дошта бошем ; Инҳо абзори таҳдиди постмодернизм ҳастанд, ки бояд абзорҳои мутаносибу зарфиятҳои муқобилаии онро эҷод кунем .

Сартип Фараҳӣ хотирнишон кард : Дар ин фазо бояд барои ҳаҷмаҳои фарҳангӣ, ҳаҷмаҳои сахтафзорӣ, ҳаҷмаҳои сойбирӣ, ҳаҷмаҳои электромагнитӣ ва ҳаҷмаҳои фанновариҳои бартари душман низ барномаи муқобилаӣ дошта бошем .

 

Барчасп