Ҳузури Ҳаннонов ва Сафаров дар тестҳои пизишкии Персполис
Ноябр 09, 2021 16:56 Asia/Dushanbe
Бар асоси эъломи расонаи расмии бошгоҳи Персполис, Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров нимашаби гузашта вориди Теҳрон шуданд ва аз субҳи имрӯз бо ҳамоҳангиҳои анҷомшуда аз сӯи тими пизишкӣ ва умури варзишии бошгоҳ, тестҳои пизишкиро оғоз карданд.
Ин ду бозикуни тоҷикистонии Персполис субҳи имрӯз (сешанбе) барои пушти сар гузоштани баъзе иқдомоти пороклиникӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон ҳузур пайдо карданд ва аз он ҷо роҳии Ифмарк (маркази олии пизишкии ФИФА) хоҳанд шуд.
Қарордоди ин ду бозикун баъд аз дарёфти таъйидияҳои пизишкӣ ва Ифмарк, ба унвони бозикуни озод имзо хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Ташаккури футболисти тоҷикистонии Персполис аз Эмомалӣ Раҳмон
Барчасп