Масофи тими миллии футболи Эрон бо Лубнон дар марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар
(last modified 2021-11-11T10:40:05+00:00 )
Ноябр 11, 2021 15:40 Asia/Dushanbe
  • Масофи тими миллии футболи Эрон бо Лубнон дар марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар

Тими миллии футболи Эрон, бо Лубнон дар идомаи марҳалаи интихобии Ҷоми sаҳонии 2022 Қатар дидор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, дидори тимҳои миллии футболи Эрону Лубнон дар марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар (панҷшанбе) соати 15:30 дақиқа (ба вақти Эрон) дар варзишгоҳи 18 ҳазор нафарии шаҳри Сидони ҷануби Лубнон баргузор мешавад.

Тимҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Иморот, Ироқ ва Сурия дар марҳалаи сеюми рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ дар гуруҳи “A” қарор доранд.

Бозӣ миёни тимҳои Эрону Лубнон дар ҳоле баргузор мешавад, ки тими Эрон, бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дораду Лубнон низ бо панҷ имтиёз дар радаи сеюм истодааст.

 

Барчасп