Боқирӣ: Музокира ҷиҳати дастёбӣ ба замонате барои нақз накардани дубораи тавофуқ аст
Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҳадафи музокира дастёбӣ ба замонате барои нақз накардани муҷаддади як тавофуқи байналмилалӣ аст.
Алии Боқирӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа ва музокиракунандаи аршади Эрон, ки барои заминасозии идомаи музокироти Вена ба Аврупо сафар кардааст, бо ишора ба табаоти хуруҷи Амрико аз БарҶом афзуд: Амрикоиҳо бо нақзи БарҶом ва Қатъномаи 2231 ва таҳмили таҳрим зидди Эрон, сирфан ба Ҷумҳурии исломии Эрон хисорат ворид накарда, балки ба кишварҳои дигари узви БарҶом хисорат ворид карданд, зеро онон таомулоти иқтисодӣ бо Эрон доштанд.
Муовини сиёсии Вазорати хориҷаи Эрон, ки бо шабакаи хабарии “Пресс ТВ” гуфтугӯ мекард, афзуд: Ҳадафи аслии гуфтугӯҳо аз назари Ҷумҳурии исломии Эрон лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ аст, ки тавассути давлати Амрико ба воситаи нақзи фоҳиши тавофуқи БарҶом ва Қатъномаи 2231 зидди миллати Эрон эъмол шудааст.
Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи музокироти худ бо мақомоти тройкаи аврупоӣ низ афзуд: Гуфтугӯҳои сареҳ, созанда ва рӯ ба пеш бо мақомоти сиёсии се кишвари Фаронса, Олмон ва Англия дар се рӯзи гузашта доштааст.
Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар идомаи сафар ба пойтахтҳои аврупоӣ, барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои испанияӣ, имрӯз (ҷумъа) вориди Мадрид шуд.
Ин дипломати аршади Эрон пеш аз Испания ба Фаронса, Олмон ва Англия сафар ва бо мақомоти олирутбаи ин кишварҳо дидору гуфтугӯ кард.
Бештар бихонед: