Таҳлил : Таъкиди Эрон бар авлавияти лағви таҳримҳо дар сеюмин рӯзи музокирот дар Вена
(last modified Thu, 02 Dec 2021 16:34:15 GMT )
Декабр 02, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Эрон таъкид дорад ибтидо мавзӯи таҳримҳо, ки бврхоста аз иқдоми Амрико ба унвони тарафи поймолкунандаи Барҷом будааст, ҳаллу фасл шавад
    Эрон таъкид дорад ибтидо мавзӯи таҳримҳо, ки бврхоста аз иқдоми Амрико ба унвони тарафи поймолкунандаи Барҷом будааст, ҳаллу фасл шавад

Сеюмин рӯз аз музокироти Эрону гуруҳи 4 + 1 ( Олмон, Фаронса, Англия, Русия ва Чин ) бо ҳадафи лағви таҳримҳо рӯзи чаҳоршанбе дар Вена баргузор шуд .

Дар сеюмин рӯзи музокирот ҷаласаи коргурӯҳи масоили ҳастаӣ дар сатҳи коршиносон ва бо ҳузури намояндагони Эрон, гуруҳи 4+1 ва Иттиҳодияи Аврупо ташкил шуд. Ҳамзамон намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон бо тарафҳои музокиракунанда ҷаласоти коршиносӣ бо мавзӯи рафъи таҳримҳоро баргузор карданд .
Ҳамчунин Алии Боқирӣ-раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон бо Энрике Моро- муовини дабири кулди бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони се кишвари аврупоии узви Барҷом дидор ва дар хусӯси нақшаи роҳи гуфтугуҳо  ва натоиҷи ба даст омада дар рӯзҳои гузашта табодули назар кард .
Тими музокиракунандаи Эрон бо ба даст гирифтани ибтикори амал дар музокироти тахассусӣ таъкид кардааст, ки то ҳар замон, ки ниёз бошад омодагии идомаи музокиротро дорад ва нигарони тӯлонӣ шудани музокира бо кишварҳои 4 + 1 нест ; чаро ки дар 6 даври музокираи қаблӣ тавофуқе сурат нагирифтаву ҳамаи матнҳои пешнависи адвори гузашта қобили музокираи дубора аст .
Эрон ҳамчунин таъкид дорад, ки ду мавзӯи таҳримҳову таъаҳҳудоти ҳастаӣ набояд «гаравгони мутақобил »и ҳам бошанд ва зарурӣ аст, ки ибтидо мавзӯи таҳримҳо ки ношӣ аз иқдоми Амрико ба унвони тарафи ноқизи Барҷом будааст,ҳаллу фасл шавад.

  • Амрико ; масъӯли вазъияти эҷодшуда дар Барҷом

  •  

  • Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар ин бора гуфтааст : Музокироти Вена бо авлавияти асосии рафъи таҳримҳо ва бо ҷиддият ҷараён дорад . Агар Ғарб ҳусни ният нишон диҳад, тавофуқи хуб дар дастрас аст .

Дар ин ҳол ба рағми фазои мусбати музокирот ба назар мерасад бархе тарафҳо  таҳти фишори Амрико  талош мекунанд раванди музокиротро ба самте кашонанд, ки тавофуқи ниҳоӣ ба даст наёяд . Бар ҳамин асос бархе тарафҳои музокиракунанда хостори он шудаанд, ки ин давр аз музокирот зудтар ҷамъбандӣ шавад . Ин дар ҳоле аст, ки тими Эрон бо ҷиддияти тамом ва бо хостаҳову пешниҳодоти мушаххас вориди музокира шуда ва ҳозир нахоҳад буд, то хостаҳои усулӣ ва ҳуқуқи миллати Эронро бобати зарбулаҷалҳо ё ҷадвали замонии сохтагӣ фидо кунад .

Яке дигар аз масоиле, ки метавонад бар раванди музокироти таъсири манфии бигузорад, идомаи ихтилофоти дохилӣ дар Амрикоаст. Дар рӯзҳои ахир 25 намояндаи ҷумҳурихоҳ бо ирсоли номае ба Ҷо Байден- раиси ҷумҳурии демократи Амрико эълом карданд,ки бо лағви таҳримҳо алайҳи миллати Эрон мухолифат хоҳанд кард ва ҳангоме ки аксарият дар Конгрессро ба даст оваранд, қонуни фишори ҳаддиаксарии таҳримҳо зидди Эронро тасвиб хоҳанд кард .
Набуди ҳамфикрӣ дар сиёсати хориҷии Амрико ва ҳамчунин собиқаи аҳдшикании ин кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, ки хурӯҷ аз тавофуқи Барҷом дар соли 2018 аз намунаҳои боризи он аст, мӯҷиби афзоиши беэътимодӣ дар раванди музокироти Вена аст. Ин масаъла аз муҳимтарин монеъаҳо барои дастёбӣ ба тавофуқ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба ҳамин далел таъкид дорад давлати Амрико барои бозгашт ба Барҷом бояд тазминҳои қатъӣ ироа кунад, ки агар ин бор яке аз тарафҳо аз тавофуқ хориҷ шуд ва ё онро иҷро накард, тарафи муқобил низ битавонад иқдомотеро барои муқобила анҷом диҳад.
Табиӣ аст Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҷиддияти тамом ва бо ҳадафи лағви муассири таҳримҳо вориди даври ҷадиди музокирот шудааст, ки агар тарафҳои музокира низ ҳамон ҷиддияту истиқлоли лозимро нишон диҳанд, ки муҷиби эътимоду мутазаммини манофеи Эрон бошад,метавон ба натиҷаи музокирот ва ҳусули тавофуқ умедвор буд .


Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар ин бора гуфтааст : Давлати Эрон бо азми ҷиддӣ вориди музокирот шуда то итминон пайдо кунад ончӣ дар Вена иттифоқ меуфтад рафъи таҳримҳост . Албата агар тарафҳои муқобил ҳам ба ҷои вақткушӣ ва баҳонагирӣ бо нияти дуруст барои рафъи таҳримҳо вориди Вена шуда бошанд, метавонем бигӯем музокирот дар масири дуруст қарор дорад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп