Декабр 04, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон: Эрон ба хотири тавваҷӯҳ ба масоили инсонӣ ваксинатсияи тамомии шаҳрвандони хориҷиро оғоз кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Эрон ба хотири тавваҷӯҳ ба масоили инсонӣ ваксинатсияи тамомии атбои хориҷиро оғоз кард.

Саидиброоҳими Раисӣ имрӯз (шанбе) дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона гуфт,  Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамон ибтидо ба хотири тавваҷӯҳ ба масоили инсонӣ ваксинатсияи тамомии атбои хориҷиро оғоз карда ва бо ҷиддият онро идома хоҳад дод.

Раисӣ афзуд, баъзе аз кишварҳои аврупоӣ тоза ба фикри ин кор афтодаанд.

Раисҷумҳур дар идома таъкид кард, танҳо роҳи дар амон мондан аз мавҷи ҷадиди корона, риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ, пешгирӣ ва назорати ҷиддӣ аст.

Раисӣ бо таъкид бар инки набояд камбуди воксан дар кишвар вуҷӯд дошта бошад, гуфт, бо тавваҷӯҳ ба афзоиши тавлиди воксани дохилӣ ва таъмини воксанҳои воридотӣ пешбиниҳои лозим анҷом шавад то ҳатто бо тазриқи дози сеюм, камбудӣ дар ин замина дар кишвар вуҷуд надошта бошад.

Раисиҷумҳури Эрон, бори дигар бар аҳаммияти кантроли тараддуд аз марзҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ва ҷиддият дар эъмоли қарантина барои мавориди машкӯк таъкид кард.

Бештар бихонед:

Барчасп