Таҳлил: Азми ҷиддии Эрон барои идомаи музокироти иззатмандона дар Вена
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар гирдиҳамоии раисони мунтахаби намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар таъкид кард: Агар тарафи муқобил мусаммам ба рафъи таҳримҳои золимонаи Эрон бошад, тавофуқи хубе сӯрат хоҳад гирифт ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳатман ба дунболи тавофуқи хуб аст.
Раисӣ бо ишора ба ду роҳбурди Ҷумҳурии исломӣ барои хунсосозӣ ва рафъи таҳримҳо афзуд: Бархе мегуфтанд, Ҷумҳурии исломӣ музокира намекунад ва иддае муддаӣ буданд, ки Эрон дар музокирот ҷиддӣ ширкат намекунад ва ё барнома надорад, аммо Ҷумҳҳурии исломӣ дар музокирот иззатмандона ширкат кард ва бо ироаи матни пешниҳодӣ нишон дод, ки дар музокира ҷиддӣ аст.
Пас аз чандрӯз машваратҳои сиёсӣ даври тозаи нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом рӯзи панҷшанбе дар сатҳи раисони ҳайатҳои музокиракунандаи гурӯҳи 1+4 , Иттиҳоди Аврупо ва Эрон азсар гирфта шуд. Дар давр ҷадиди гуфтугӯҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳодҳои созандаеро дар ду мавзӯи рафъи таҳримҳо ва иқдомоти ҳастаӣ ироа кардааст. Ҳарчанд бархе таҳлилгарон бо интиқод аз тардиди давлати Байден барои ҳаракат дар ҷиҳат расидан ба тавофуқ дар Вена пешбинӣ кардаанд, музокироти кунӯнӣ ба натиҷае ҷомеъ ва комил нахоҳад расид, аммо бархе низ муътақиданд, ҳануз фурсат барои расидан ба тавофуқ вуҷӯд дорад.
Бо вуҷӯди ин тардидҳо ва гумонаҳо, гуфтугуҳо дар хусӯси мутӯни пешниҳодии Эрон дар сутӯҳи мухталиф ҳамчунон идома дорад. Ин мавзӯ нишон медиҳад, ончӣ пас аз бозгашти ҳайатҳо аз пойтахтҳояшон рух додааст, он аст, ки тарафи муқобил бар хилофи ҳафтаи гузашта, асли хостаҳо ва мутӯни Эронро ба расмият шинохтааст ва дар воқеъ тарафи муқобил аз мавзеъи сарсахтона ва ғайривоқеъбинонаи худ ақибнишинӣ кардааст.
Бо ин ҳол таҳаррукоти сиёсӣ ва фазосозиҳои расонаӣ қабл ва дар ҳини музокироти Вена нишон медиҳад, ки ба ҷуз тарафҳои аслии музокира, ҷараёнҳои дигаре низ сталош доранд ба навъе бар фазои мусбати музокирот таъсир бигузоранд. Таҳаррукоти режими Исроил ва рафту омадҳо байни Вашингтон ва Тел Авив дар ин замина қобили таваҷҷӯҳ аст. Дар ин росто ҳамзамон бо сафари вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Амрико, расонаҳои исроилӣ муддаӣ шуданд, ки дар ин сафар тавофуқ шудааст, ки миёни Амрико ва режими саҳюнистӣ размоиши муштараки ҳамла ба таъсисоти низомии Эрон баргузор шавад.
Ин расонаҳо ҳамчунин ба дурӯғ аз зарбулаҷали Амрико ба Эрон барои натиҷагирии сареъи гуфтугӯҳо хабар додаанд. Ин ҷараён илқое пеш аз шурӯи музокироти Вена низ бо мавзеъгириҳои иддаоии тройкаи аврупоӣ алайҳи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон фаъол шуд. Фаронса, Олмон ва Англия дар ҳамин хусӯс дар баёнияе муштарак пеш аз шурӯи даври ҳафтуми музокироти 29 ноябр дар Вена аз ончӣ ба гуфтаи онҳо «танишзоии ҳастаии низомманди Эрон» хонда шуд, ибрози нигаронӣ карданд.
Ин таҳаррукоту фазосозиҳо нишон дод, ҷараёне, ки аз пешрафт ва гуфтугуҳои натиҷамеҳвар дар Вена нохурсанд аст, дар садад аст то ба ҳар наҳви мумкин бо фазосозӣ ва таҳдид, фазои музокиротро тахриб кунад.
фазосозиҳои хориҷ аз утоқи музокира, аммо наметавонад бар азми ҳайати эронӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе, ки ҳуқуқ ва манофеи миллати Эронро таъмин кунад, халале эҷод намояд. Ҳамон гуна, ки Алӣ Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокирот бо гурӯҳи 1+4 таъкид кардааст, Эрон чизе камтар аз БарҶомро нахоҳад пазируфт.
Ҳайати эронӣ бо зарфият ва тавони бисёр боло дар Вена ҳузур ёфта ва бо рӯйкарди ҳирфаӣ бар пешбурди ҳарчӣ бештари гуфтугӯҳо мутамаркиз аст. Аз инрӯ, дар сӯрати пешрафти гуфтугӯҳо ва исботи ҳусни нияти тарафи муқобил, ҳозир аст то ҳар замон, ки лозим бошад ба музокирот идома диҳад.
Бештар бихонед: