Декабр 20, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Ҷаҳони имрӯз ниёзманди бозшинохти афкори Мавлоност

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон субҳи имрӯз таъкид кард, ҷаҳони имрӯз ниёзманди бозшинохти афкори Мавлоност.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон субҳи имрӯз дар ҳамоиши бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо унвони «Аз Балх то Қуния» дар музеи миллии Эрон бо баёни ин ки Мавлоно ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ беҳтар медонад, гуфт: Ҷаҳони имрӯз ниёзманди бозшинохти афкори Мавлоно аст, зеро ин андешаҳо посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии инсоният аст.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо хондани абёте аз ашъори Мавлоно афзуд: Имрӯз дар бахше аз ҷаҳон ҷангу душманиву куштор ва кинаварзиҳои сиёсӣ инсониятро таҳдид мекунад.

Зоҳидӣ ҳамчунин гуфт, мардуми Тоҷикистон монанди ҳамаи миллатҳои форсизабону ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ дар Афғонистон, Эрон ва Туркияву Покистону Ҳинд ишқу алоқае пуршӯр ба Мавлоно ва осору афкори ӯ доранд ва аз тааллуқи худ ба ин нобиғаи шеъру ирфон ифтихор мекунанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд: Мероси ҷаҳонсозии Мавлоно бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату кишвар ва чанд миллату кишвари муайян берун омада ва ба мероси фаромиллӣ табдил шудааст.

Ҳамчунин Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО низ дар паёме, ки дар ин ҳамоиш тавассути намояндаи ин муассиса хонда шуд, гуфт: Осори фахрии адабиву ҳунарӣ дар шумори арзишмандтарин ганҷинаҳои фарҳангии тамаддуни ЭКО аст. Минтақаи куҳани ЭКО гаҳвораи бисёре аз тамаддунҳои азими фарҳангӣ аст, ки фарзонагоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Азизуддини Насафӣ, Садриддин Айнӣ, Махдумиқулии Фароғӣ, Амир Алишери Навоӣ, Халилуллоҳ Халилӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Низомии Ганҷавӣ ва бисёри дигар, ҳадяи ин минтақаи мутамаддин ба ҷаҳон аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп