Пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон
Мушовири вазири нерӯ дар умури байналмилал бо ишора ба баргузории ду ҷаласаи маҷозӣ, аз пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши вазорати нерӯ, Муҳаммадалии Фараҳнокиён бо ишора ба ҷаласаи пайгирии чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон изҳор кард, дар ҷаласот, мавзӯоти тавофуқшуда дар санади чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштарак, тарҳу баррасӣ ва охирин иқдомоти сӯратгирифта тавассути ҳар ду тараф гузориш шуд.
Вай бо баёни инки вазорати нерӯ ба унвони дастгоҳи мутаваллии Комиссиони муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст, изофа кард, нахустин ҷаласоти Кумитаи пайгирии чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон дар ду ҷаласаи мутаволии субҳ ва баъд аз зуҳр бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатии муртабит, ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.
Фараҳнокиён дод, дар ин ҷаласа намояндагони ҳозир, дар хусӯси мавзуоти мухталифе ҳамчун тиҷорат ва бозаргонӣ, санъат, умӯри бонкӣ ва мутолибот, омӯзишу парвариш, улӯм, таҳқиқоту фанноварӣ, мироси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ, варзиш ва ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ баҳсу табодули назар карданд.
Муҳаммадалии Фараҳнокиён хотирнишон кард, дар ҷаласаи намояндагони вазоратхонаҳои матбуъ перомуни мавзуоти муҳимми дигар санади Комиссиони муштарак, аз ҷумли масоилу мушкилоти гумрукии ду кишвар, ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳамлу нақли ҷодаӣ коло ва мусофир, ҳамкориҳои байни устонӣ, ҳамкориҳои интизомӣ, кишоварзӣ, иртибототу фанноварии иттилоот, нафту газ, барқу энержӣ, обу фозилоб ва муҳити зист баҳсу табодули назар карданд.